Дар шароити давлатдории муосир масъалаи таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ҳалли онҳо танҳо тавассути таҳкими сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ имконпазир буд.

Яке аз воситаҳои муҳими таҳкими суботи ҷомеа сиёсати авф мебошад. Авф ҳамчун амали инсонпарваронаи давлат ба коҳиш ёфтани низоъҳои иҷтимоӣ, барқарор намудани робитаи шахсони маҳкумшуда бо ҷомеа ва фароҳам овардани имконияти ислоҳи онҳо мусоидат мекунад.

Дар асоси салоҳияти конститутсионии худ, 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Пас аз қабули қонун ба он имзо гузошта шуд. Бояд таъкид кард, ки қонуни мазкур метавонад нисбат ба гурӯҳҳои муайяни маҳкумшудагон, аз ҷумла шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва баъзе ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, татбиқ гардад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ифодаи равшани сиёсати инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдом ба шахсоне, ки ба ҷиноят роҳ додаанд, имкон фароҳам меорад, то ислоҳ гардида, ба назди хешу ақрабои худ баргарданд ва дар фаъолияти созандаву ободкорона саҳм гузоранд.

Авф санади ҳуқуқии мақомоти олии давлатӣ мебошад, ки мутобиқи он гурӯҳи муайяни шахсони маҳкумшуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ пурра ё қисман озод карда мешаванд ё муҳлати ҷазои онҳо кам карда мешавад.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, авф яке аз воситаҳои муҳими сиёсати ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафҳои асосии он инсондӯстӣ, кам намудани шумораи маҳкумшудагон, ислоҳи шахсони гунаҳкор ва таҳкими суботи ҷомеа мебошанд.

Фазои ором, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори ҳар як давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар ин замина, авф дар таҳкими сулҳ чунин нақшҳоро иҷро мекунад:

Коҳиш додани кинаву адоват ва рӯҳияи интиқомҷӯӣ дар ҷомеа. Вақте давлат сиёсати бахшиш ва инсондустиро пеш мегирад, фазои эътимод ва оромӣ тақвият меёбад.

Пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ. Шахсони баъди авф озодшуда имкони дубора ба ҳаёти иҷтимоӣ ворид шуданро пайдо намуда, барои пешгирии ҷиноятҳои такрорӣ шароити мусоид фароҳам мегардад.

Тақвияти эътимоди шаҳрвандон ба давлат. Авф нишон медиҳад, ки давлат сиёсати инсонпарваронаро амалӣ менамояд ва ба сарнавишти шаҳрвандони худ бетараф нест.

Бинобар ин, авф ҳамчун воситаи муҳими таъмини сулҳу суботи устувор хизмат мекунад.

Авф, инчунин, ба муттаҳидсозии ҷомеа мусоидат намуда, ба шахсони аз ҷомеа дурмонда имкони бозгашт ба ҳаёти муқаррариро фароҳам меорад. Он ҳисси адолат, баробарӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият бахшида, ба коҳиш ёфтани низоъҳо ва душманиҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият чандин маротиба қонунҳои авф қабул шудаанд. Ин қонунҳо асосан ба муносибати ҷашнҳои муҳими миллӣ ва давлатӣ татбиқ гардидаанд.

Таҷрибаи татбиқи авф дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор нафар ба ҳаёти муқаррарии ҷомеа баргашта, сатҳи сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таҳким ёфтааст. Ин таҷриба собит месозад, ки авф яке аз воситаҳои самараноки сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат мебошад.

Авф ҳамчун падидаи муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ нақши бузург дорад. Он на танҳо воситаи сабук кардани ҷазо, балки механизми муҳими барқарорсозии муносибатҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа мебошад.

Сиёсати авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки инсондӯстӣ, бахшиш ва ғамхорӣ нисбат ба шаҳрвандон метавонад ба таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи осоишта мусоидат намояд.

Муҳимтарин ҳадафи сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки ҷавҳари онро принсипҳои инсондӯстӣ ва адолатпарварӣ ташкил медиҳанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» барои маҳкумшудагон имконияти нави ислоҳ ва бозгашт ба ҳаёти созандаро фароҳам меорад. Ин иқдом ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва қадршиносӣ нисбат ба сиёсати инсондустонаи давлатро тақвият мебахшад.

Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки иқдоми инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳазорҳо оилае, ки наздиконашон дар маҳбас қарор доранд, туҳфаи арзишманди идона маҳсуб меёбад. Ин ташаббус боз як намунаи равшани сиёсати инсонмеҳварона ва ғамхории давлат нисбат ба шаҳрвандон мебошад.

 

Ф. САЙФИДДИНОВ,

мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ