Сулҳ ва ваҳдат истилоҳоте мебошанд, ки бевосита барои ҳар як фард, ҷомеа ва давлат илҳомбахш буда, умедвориро ба ояндаи нек ба вуҷуд меоранд. Аз ҷониби дигар, ин мафҳумҳо оҳанге зебо ва шеваи баёни пурмаъно дошта, бо садо доданашон шунавандаро ба андеша дар бораи ояндасозӣ водор месозанд. Аслан истилоҳи сулҳ мазмуни оромӣ, осоиштагӣ ва дӯстиро ифода мекунад, дар ҳоле ки истилоҳи ваҳдат якдилӣ, ягонагӣ ва якпорчагии миллиро таҷассум менамояд.

Вобаста ба ин, дар таърихи кишвари мо низ ин мафҳумҳо ҷойгоҳи муҳим дошта, ба таҳкими умеду боварии мардуми тоҷик ба сулҳу осоиштагӣ мусоидат намудаанд. Дар натиҷа, рушди тамоми соҳаҳои кишвар суръат гирифт ва равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ марҳалаи нави пешрафтро касб намуданд. Ин ҳама умедбахшӣ бо ибтикор ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваст мебошад.

Дарвоқеъ, ин шахсияти барҷаста тавонист ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самти нав ва устувор равона созад. Мувофиқи ин гуфтаҳо, 27 июни соли 1997, яъне бисту нуҳ сол қабл бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид.

Маҳз ҳамин созишнома яке аз омилҳои асосии таҳкими истиқлоли миллӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад ва баъд аз расидан ба сулҳи комил, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозӣ шинохта гардид.

Бо ифтихор бояд гуфт, ки 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Қатъномаи мазкур ҳамчун роҳнамо барои пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамгироии наслҳо хизмат намуда, кафолати устувории некуаҳволии наслҳои ояндаро дар бар мегирад. Он аз ҳадафҳо ва принсипҳое иборат аст, ки ба «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» равона гардидаанд. Ин ҳуҷҷат фарҳанги сулҳпарвариро ҳамчун масъулияти умумиҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, ба табодули таҷриба ва дониш дар ҷаҳони муосири пуртазод даъват мекунад.

Тавре зикр гардид, қабули ин қатънома ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки дар шароити афзоиши хавфу таҳдидҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аҳамияти хосса пайдо мекунад. Дарвоқеъ, бо ифтихор метавон гуфт, ки ин ташаббус далели равшани сулҳофарӣ ва ваҳдатпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Қобили тазаккур аст, ки ҷойгоҳи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ пас аз қабули чунин қатънома ва дигар ташаббусҳои пурарзиши Пешвои миллат вобаста ба ҳалли масоили глобалии ҷаҳон боз ҳам таҳким меёбад.

Мо ҳамеша таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инчунин, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, бо қадамҳои устувор пеш меравем. Ин раванд далели равшани тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардуми азизи мо мебошад.

Ин дастовардҳо ҳамчун арзёбии муҳими сифатӣ ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши муассир доранд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандор уҳдадор аст, ки барои ҳифз ва гиромидошти ин неъмат кӯшиш намояд. Зеро дар ҷаҳони ноором ва пурҳодисаи муосир ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии дастовардҳои нав, татбиқи ташаббусҳои стратегӣ ва кафили амнияти давлат ва ҷомеа ба шумор меравад.

Дар интиҳо, аз фурсати муносиб истифода бурда, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми сарбаланди тоҷик табрик гуфта, дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як хоҷагии хонаводагии Тоҷикистон комёбиҳои нав ба навро орзу менамоем.

 

Рустам ХОЛОВ,

омӯзгори ДДМИТ