Зуҳуроти охири садаи ХХ пош хӯрдани давлати Шуравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ тағйироти назаррас ба вуҷуд овард. Тоҷикистон низ мисли дигар ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шуравӣ тадриҷан аз усулҳои идоракунии мутамаркази фармонфармоӣ-маъмурӣ даст кашида, роҳи нави тараққиёти иқтисодии худро  муносибатҳои бозориро пеш гирифт.

Иқтисодиёти бозорӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ мафҳумҳои нав, аз қабили «биржа», «бизнес», «маркетинг», «лизинг» ва ғайраро ворид намуд. Ҳадафи мо дар ин мавзуъ омӯзиш ва тавзеҳи яке аз истилоҳоти муҳими иқтисоди бозорӣ - мафҳуми «менеҷмент» мебошад.

Калимаи англисии management нахуст дар асри XVII дар Англия ва бештар дар соҳаи ҳарбӣ истифода мешуд. Онро то андозае ба санъати идора ва ром кардани асп шабеҳ медонистанд. Дар забони тоҷикӣ вожаи «менеҷмент» одатан ҳамчун «идоракунӣ» ё «мудирият» тарҷума мешавад. Бо вуҷуди ин, чунин тарҷума моҳияти пурраи онро инъикос намекунад, зеро менеҷмент танҳо як бахши муҳими идоракунӣ дар фазои хоҷагидории бозорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мафҳуми «идоракунӣ» васеътар буда, на танҳо фаъолияти иқтисодӣ, балки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад.

Менеҷмент ва менеҷер бошанд, бештар ба ҷараёнҳои хоҷагидории бозорӣ пайванд доранд. Ба андешаи мо, истифодаи мафҳумҳои «ташкилкунандаи истеҳсолот» ё «маъмурияти истеҳсолӣ» низ метавонад то ҳадде моҳияти онро ифода кунад. Барои дарки беҳтари мафҳуми менеҷмент ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи Ғарб такя кардан муҳим аст, зеро дар онҳо тарзи истифодаи механизмҳои бозорӣ солҳо боз рушд ёфтааст.

Менеҷмент - низоми принсипҳо, усулҳо, воситаҳо ва шаклҳои оқилонаи истифодаи захираҳои иқтисодӣ бо ҳадафи афзун намудани фоида мебошад. Ин истилоҳ танҳо дар идоракунии ҷараёнҳои иқтисодӣ дар сатҳи ширкатҳои фаъолияти бозорӣ доштабуда истифода мешавад.

Менеҷмент ҳамчун илм ва санъати идоракунӣ бар асоси таҷрибаи амалии идоракунӣ ташаккул ёфта, ба донишҳои таърихӣ ва муосири инсон дар бораи идоракунӣ такя мекунад. Он консепсияҳо, назарияҳо, принсипҳо, усулҳо ва шаклҳои гуногуни идоракуниро дар бар мегирад.

Вазифаҳои асосии менеҷмент бошад, шарҳ додани табиати меҳнати идоракунӣ, муайян намудани равобити сабабу оқибат дар равандҳои идоракунӣ, ошкор кардани омилҳо ва шароити самаранокии меҳнати муштарак, таҳияи усулҳои самараноки идоракунии фаврӣ, пешбинӣ ва таҳияи стратегияҳои идоракунӣ мебошад.

Аз рӯи объекти идоракунӣ намудҳои менеҷмент чунинанд: ташкилӣ, стратегӣ, тактикӣ ва фаврӣ.

Менеҷменти ташкилӣ - таҳияи сохтор, механизмҳо, қоидаҳо ва стандартҳои идоракунӣ.

Менеҷменти стратегӣ - амалӣ намудани мақсадҳои дарозмуддат.

Менеҷменти тактикӣ - татбиқи стратегия дар марҳилаҳои миёнамуҳлат.

Менеҷменти фаврӣ - ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва назорати раванди истеҳсолот.

Менеҷер шахси касбӣ мебошад, ки фаъолияти идоракуниро амалӣ менамояд. Ф.У. Тейлор, асосгузори «менеҷменти илмӣ», нахустин нафаре буд, ки истилоҳҳои «менеҷмент» ва «менеҷер»-ро дар ин маънӣ истифода бурд.

Бо тараққиёти иқтисоди бозаргонӣ дар Тоҷикистон истилоҳоти «менеҷмент» ва «менеҷер» ба луғати рӯзмарраи мо ворид шуданд. Менеҷерҳо шахсони муҳим дар ҳар як ташкилот ҳастанд. Вале онҳо мавқеи якхела надоранд ва вазифаҳои онҳо аз навъи фаъолияти идоракунӣ вобаста аст.

М. САИДЗОДА,

донишҷӯи ДДМТ