ХОБГОҲ - МАКТАБИ ЗИНДАГӢ
Хобгоҳ барои донишҷӯ танҳо макони хоб ва истироҳат нест. Он муҳити махсуси тарбиявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар ташаккули шахсияти донишҷӯ нақши муҳим мебозад ва барои рушди ҳамаҷонибаи ӯ шароити мусоид фароҳам меорад. Зиндагӣ дар хобгоҳ ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки мустақилона қарор қабул кунад, вазифаҳои рӯзмарраро сари вақт иҷро намояд ва бо ҳамсолону ҳамдиёрони худ ҳамкорӣ ва ҳамзистии дурустро омӯзад.
Хобгоҳ ҳамчун муҳити таълимӣ ва зиндагӣ ба донишҷӯён таҷрибаи нодири мустақилият медиҳад. Онҳо дар як ҷо таҳсил ва зиндагӣ мекунанд, ки ин ҳолат ба ташаккули масъулиятшиносӣ, худидоракунӣ ва муносибати дуруст ба вақт саҳми калон мегузорад.
Дар хобгоҳи ДДМИТ тамоми шароит барои зиндагии босифат фароҳам мебошад: утоқҳои мувофиқ, хидматрасониҳои зарурӣ ва дастрасӣ ба адабиёти таълимӣ. Ин ҳама барои он аст, ки донишҷӯ зиндагии идорашаванда дошта бошад. Яке аз вазифаҳои муҳими хобгоҳ омӯзиши мустақилият мебошад. Мустақилият танҳо дар ҳаёти рӯзмарра нест, балки дар раванди таҳсил низ аҳамияти бузург дорад. Донишҷӯ бояд вақти худро дуруст банақшагирӣ кунад, вазифаҳои хонишро сари вақт анҷом диҳад ва корҳои шахсиро тартиб диҳад, ки ин таҷриба ӯро барои зиндагии мустақилонаи оянда тайёр созад.
Хобгоҳ, ҳамчунин, муҳити тарбиявии ахлоқӣ мебошад. Дар чунин муҳит донишҷӯ меомӯзад, ки бо ҳамхонагон ва дигар донишҷӯён эҳтиром ва ҳамкорӣ дошта бошад. Қоидаҳои хобгоҳ ҳисси масъулият, сабр, таҳаммул ва маданияти муоширатро тақвият бахшад. Шахс мефаҳмад, ки озодии ӯ бо ҳуқуқҳои дигарон набояд маҳдуд шавад ва риояи ин меъёрҳо ба тарбияи иҷтимоӣ ва ахлоқии ӯ мусоидат мекунад.
Дар ҳақиқат, хобгоҳ барои донишҷӯён мактаби ҳақиқии зиндагӣ мебошад. Он на танҳо шароити зист фароҳам меорад, балки дӯстӣ, ахлоқ, муошират, масъулият ва мустақилиятро ташаккул медиҳад. Ҳар донишҷӯе, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, барои оянда таҷрибаи гаронбаҳо мегирад ва ба ҳаёти мустақилонаи пурсамар омода мегардад.
Акмал САФАРОВ,
донишҷӯйи курси 2-и ДДМИТ, истиқоматкунандаи хобгоҳи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng