РУШДИ СОҲИБКОРӢ ЗАМИНАГУЗОРИ ТАТБИҚИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР
Омили муҳимми рушди иқтисодиёти миллӣ фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, пайваста мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Имрӯз соҳибкорӣ воқеан омили муҳимми рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат буда, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, махсусан саноатикунонии босуръати кишвар омили асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар аз мавқеи афзоиши ҳосилнокии меҳнат ҳавасмандгардониҳои коргарони корхонаҳои саноатӣ унсури муҳими тадбирҳои рушди соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он маҳсуб меёбад. Новобаста аз он ки дар шароити кунунӣ барои афзоиши самараи меҳнат роҳу усулҳои гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд, аммо муҳимтарини онҳо низоми комили ҳавасмандгардонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паём ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва бахусус нишондодҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноатӣ, илму маориф ва дигар масъалаҳоеро, ки ба рушди давлат дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 нигаронида шуда буданд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки: «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян карда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста тадбирҳо меандешанд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок ва тақвият бахшидан ба истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд, ки дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар нақши бузург дорад.
Ҳадафи асосии стратегия ва барномаҳои амалӣ шудаистода навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ҳамзамон, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд. Дар панҷ соли охир зиёда аз 2500 корхона ва коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуда, ҳазорҳо шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуда, танҳо дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Сарвари давлат дар суханронӣ зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шудааст. Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дода, дар идомаи ин раванд ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.
Инчунин, дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои соҳавӣ амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.
Дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гардид. Он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқаррар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.
Инчунин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд. Дар маҷмуъ, барои фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон қонунгузорӣ тамоми имтиёзҳоро муқаррар намудааст, ки ҳадафи асосии он дастгирии давлатии бахши соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки дар оянда низ чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.
Хулоса, дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташаббус ва кӯшишҳои соҳибкорон барои расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар замина бунёд намуда, бовар аст, ки дар солҳои наздик кишварро ба давлати саноатӣ-аграрии пешрафта мубаддал мегардад.
Аҳлиддин МИРЗОЗОДА,
доктори фалсафа (PhD), устоди ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng