МУЪТАБАР ДАР ҲАРДУ ОЛАМ, БАЪДИ ДОВАР МОДАР АСТ!
Зан-модар дар фарҳанг ва маънавиёти миллати тоҷик ҷойгоҳи бисёр воло дорад. Аз қадим эҳтирому арҷгузорӣ ба модар ҳамчун арзиши муқаддас эътироф гардидааст. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, намунаи сабру таҳаммул ва нахустин омӯзгори инсон мебошад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, нақши зан-модар дар ташаккули шахсият ва тарбияи насли солим ниҳоят муҳим аст. Зеро маҳз аз домони поки модар фарзандони бонангу номус, ватандӯст ва худшинос ба камол мерасанд.
Модар бузургтарин, муқаддастарин ва муътабартарин шахс дар зиндагии ҳар як инсон аст. Ӯ сарчашмаи муҳаббат, рамзи садоқат ва намунаи олии фидокорӣ мебошад. Аз лаҳзаи аввалин нафас то охири умр модар бо меҳру ғамхории худ моро ҳамроҳӣ мекунад. Ӯ аввалин оғӯш ва аввалин сухани меҳрубононаро ба мо медиҳад, бо дуои нек роҳнамои ҳар қадами зиндагии мост ва бо покии қалбаш роҳи моро пур аз муҳаббат ва илҳом мекунад.
Модар калимаест пур аз меҳр, гармӣ ва вафодорӣ. Модар аввалин омӯзгори мост. Аввалин калима, аввалин қадам, аввалин орзуҳои мо аз оғӯши гарми модар сарчашма мегирад. Модар шабҳоро бедорхобӣ мекашад то фарзандаш ором хобад. Модар дардро пинҳон мекунад то мо хандон бошем. Ҳар муваффақияти мо самараи заҳмату дуои модар аст.
Ҳар дастоварди хурду калон ва ҳар қадами устувори мо нишонаи фидокорӣ ва муҳаббати модар аст. Модари меҳрубон бо дуои нек ва тарбияи соф қадамҳои мо дар зиндагиро равшан мекунад ва моро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд. Модар на танҳо тарбиятгари фарзанд аст, балки пояи устувори оила ва сутуни маънавии ҷомеа мебошад. Ӯ бо меҳру фидокорӣ ҳаётро равшан мекунад, оиларо муттаҳид месозад ва ба фарзанд неру мебахшад, ки бо садоқат ва ростқавлӣ зиндагӣ кунад. Ҳар модар намунаи сабр, покӣ, матонат ва муҳаббат аст. Ӯ офтоби оила аст, ки бо нур ва гармии худ тамоми зиндагии моро равшан мекунад.
Муътабар дар ҳарду олам, баъди Довар, модар аст,
Роҳҳо, фарсахҳо ва роҳпарвар модар аст.
Ҳамчу Довар, ҳаст якто - кас нагирад ҷойи ӯ,
Ҳеҷ кас монанди модар нест, модар - модар аст.
Дар Тоҷикистони азизамон ҳамасола 8 март Рӯзи Модар таҷлил мешавад. Вале қадру манзалати модар бояд на танҳо дар як рӯз, балки ҳар рӯз арҷгузорӣ шавад. Сухани нек, оғӯши гарм, ғамхории самимӣ ва қадрдонии модар беҳтарин туҳфаест, ки мо метавонем ба ӯ пешкаш кунем. Фарзандони нек будан беҳтарин арҷгузорӣ ба меҳру фидокории модар аст. Ҳар модар қаҳрамон аст, шабҳоро бедор мегузаронад, то фарзанд ором бошад, бо дуои нек ва меҳру ғамхории худ роҳнамои мо дар зиндагӣ мебошад.
Қадршиносии модар бо рафтори нек, сухани самимӣ ва муҳаббати бепоён зоҳир мешавад. Бигзор, модарони азизи мо ҳамеша саломат, хушбахт ва сарбаланд бошанд. Меҳри модар ҷовидона ва пурқувват аст, бигзор, он ҳамеша роҳнамои қалбҳои мо бошад, моро ба корҳои неку шоиста ҳидоят кунад ва зиндагии моро бо нур, гармӣ ва муҳаббати пок пур кунад.
Модар рамзи ҳаёт ва муҳаббати беохир аст, ки бо заҳматҳояш ҷаҳони моро зебо мегардонад. Ҳар як шахс бояд қадри модарро бидонад ва эҳтироми худро бо суханҳои нек, амалҳои хуб ва муҳаббати беандоза баён кунад. Ҳар рӯз барои модар бояд рӯзи арҷгузорӣ, муҳаббат ва эътибор бошад. Модар бо дуои нек ва ғамхории худ роҳнамои мо аст. Ҳар рӯзро рӯзи модар кунем, ҳар калимаи некро барои ӯ бигӯем ва ҳар оғӯши гармро барояш бихоҳем. Модар меҳру гармӣ ва нур аст бигзор ҳар рӯзи модарон равшан ва пурмеҳр бошад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон таъкид намуд, ки мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа басо баланд мебошад. Пешрафт ва шукуфоии давлат аз маърифату ҷаҳонбинии насли наврас вобаста аст ва дар ин раванд, саҳми модар ҳалкунанда мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром, дастгирӣ ва қадршиносии занон бояд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва вазифаи ахлоқии ҳар як узви ҷомеа бошад. Арҷ гузоштан ба зан-модар арҷ гузоштан ба ояндаи миллат аст.
Модарам, эй модари ҷонпарварам,
Пеши поят сар ниҳам, эй сарварам!
Кӯдакам ман дар нигоҳат то ҳанӯз,
Мегузорӣ дасти шавқат бар сарам.
Дӯст медорам туро, то зиндаам,
Бо ҳавасҳои зиёдам зодаӣ.
Ту бароям номи зебо мондаӣ,
Ту ба ман зебоии худ додаӣ.
Маҳбуба ҒАФФОРОВА,
мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng