ЛИБОСИ МИЛЛӢ ФАХРИ МИЛЛАТ АСТ!
Баҳор фаслест, ки ҳар як инсон новобаста аз нажод, миллат ва ҷинсият онро дӯст медорад. Дар миллати мо низ одамон ҳангоми омад-омади баҳор расму оинҳои хоси худро амалӣ менамоянд. Яке аз ин оин, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд, либоси миллӣ аст.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанг ва расму оини миллат ба шумор рафта, меросе аз аҷдодон аст, ки асрҳои аср зебоиашро гум накардааст. Бевосита зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, зану духтари тоҷикро ҳама вақт бо либоси зебову шинами тоҷиконаи атласу адрас ва чакан мешинохтанду мешиносанд. Занону духтарон фасли баҳор либоси миллӣ ба бар намуда, зебоии миллатро бо фарҳангу тамаддуни чандинасра муаррифӣ менамоянд. Бо ақидаи ман, ҳамчун як ҷавондухтари тоҷик ҳифз ва эҳтиром гузоштан ба либоси миллии тоҷикона, ки як ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, барои ҳар як зан - бонуи тоҷик шарт ва зарур аст.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин иқдом, хусусан дар фасли баҳор ба ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Мо - ҷавондухтарон ифтихор менамоем, ки маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занҳои тоҷик муроҷиат намуда, таъкид кардаанд: “Як бор ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, магар ягон нуқсоне дорад?”.
Ин ҳамон нигарониҳое буд, ки қисмате аз занону духтарон ба фарҳанги либоспӯшии бегона тақлид менамоянд, ки ин тақлидкорӣ омили бегонагардии фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки занони миллати тоҷикро дар навбати аввал, аз рӯйи либоспӯшиашон мешиносанд. Дарвоқеъ, мо ҷавондухтарон бояд либосҳои миллии худамонро дар асаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Зеро либоси миллӣ бо нақшҳои зебо ва гуногунрангии худ ба ҳусни ҷавондухтарони тоҷик ҳусни дигар мебахшад, ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносию худогоҳиро меафзояд.
Яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан мебошад. Чакан ҳамчун либоси занона дорои таърихи қадим буда, бо зиндагӣ, урфу одати халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Ифтихори мост, ки чакан ҳамчун либоси миллӣ диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, хусусан дар моҳи ноябри соли 2018 он ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар ҷаҳони муосир маъруф гардид. Дар охир мо - ҷавондухтарон вазифадорем, ки ин меъроси ниёгонамонро ҳамчун арзишҳои волои миллӣ ҳифз намоем.
Подгородская Любов Рустамовна,
оператор-ҳуҷҷатнигори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng