ҶАВОНОНИ ИФРОТГАРО БЕШАРАФ ВА БАДБАХТАНД
Терроризм ва экстремизм ду истилоҳе, ки имрӯз ба мушкили глобалии аҳли сайёра табдил ёфтааст.
Терроризм - ин амалҳои зӯроварӣ, мисли ҳамла, гаравгонгирӣ, куштор, содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва амсоли инҳо мебошад, ки бо мақсади тарсондан, фишор овардан ба ҷомеаи инсонӣ, ё худ давлат анҷом дода мешавад.
Экстремизм бошад, пайравӣ ва эътиқод доштан ба ғояҳои тундравӣ (ифротӣ) мебошад, ки метавонад ба нооромӣ, низоъ, мағшуш кардани фикрронӣ ва идеология оварда расонад ва бо мафҳуми терроризм пайвандии зичу амиқ дорад.
Экстремизм замина ва пояи асосии терроризм ба шумор меравад яъне, аввал ақидаи экстремистӣ дар зеҳн пайдо шуда, сипас он ба амали террористӣ мубаддал мегардад. Дар умум, ҳарду мафҳум сабаби пайдоиши низоъҳои бардавом, сар задани куштори инсонҳо, хароб ва валангор намудани мамлакату ҷомеа, амалҳои ваҳшиёна ва ғайриахлоқонаро дар бар мегирад. Ба ин вабои аср асосан қишри бонуфузи ҷомеа, яъне ҷавонон бештар гирифтор мешаванд, ки боиси таасуф аст.
Дар замони муосир бо пешрафти илму техника ва паҳн гаштани шабакаҳои иҷтимоӣ шумораи гирифторшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо зиёд шуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, ин ҳама аз паст будани сатҳи маърифатнокӣ, надоштани мафкураи сиёсӣ ва огоҳ набудан аз оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ ва нодуруст истифода бурдани онҳо мебошад.
Пешниҳоди маблағҳои пулӣ, фирефта шудан ба таблиғу тарғиботҳои ҷалбкунандаи ин гуна ҳаракатҳо зеҳни ҷавононро олуда сохта, онро ба ҳар гуна фаъолияту амалиётҳои террористӣ ва иҷрои ҳадафу мақсадҳои ифротӣ водор месозад. Ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомиланд, обрӯ, нуфуз, шарафу виҷдони одамӣ надошта, ҷони худ ва ҳазорҳо инсонро ба хатар андохта, боиси бадбахтӣ, вайронгардӣ ва аз байн рафтани ҷомеаи хеш мегарданд.
Воқеан, Пешвои миллат зимни баромадҳои сатҳи ҷаҳонии худ борҳову батаъкид ҷомеаи ҷаҳониро аз паҳн гардидани ғояҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон аз тарафи шахсони ҷиноятпеша ҳушдор дода, пайваста дастур медиҳанд, ки набояд мо зиракии сиёсии хешро аз даст диҳем ва барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва баланд бардоштани мафкураи сиёсӣ ва идеологии онҳо тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад.
Тибқи ақидаи коршиносон ва таҳлилгарон ҳоло беш аз 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба тахрибкорӣ, ҷудоиандозӣ, ва миллатгароӣ машғуланд. Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин амалҳои номатлуб дар ҷумҳурии мо як қатор қонуну санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки метавонанд заминаи асосии кам гардидани чунин ҳаракатҳо гарданд.
Имрӯз мубориза ба зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷаъмонаи тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад ва мо ҷавонон дар партави сиёсатҳои хирадмандонаи пешвои миллат даст ба даст дода, дар якҷоягӣ барои нобудсозии ин вабои аср кӯшиш мекунем.
Гулзорамоҳ Амонбекова –
донишҷӯи курси 1-уми
ихтисоси 1-25010202,
иқтисодиёти молияви ва бонкӣ
Тоҷ
Рус
Eng