“Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз кирдорҳои нохуш ва номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, амалҳои коррупсионӣ, аз қабили ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, истифода бурдан аз вазифа ва суиистифода кардан аз ваколатҳои ҳуқуқӣ-давлатӣ мебошад.

Оқибатҳои манфии коррупсия ва сари вақт пеши роҳи ин ҳодисаҳои коррупсиониро нагирифтан, албатта, ба таҳқири аҳолӣ ва монеа эҷод намудан дар фаъолиятҳои онҳо, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, қашшоқ ва паст намудани сатҳи зисту зиндагии қисми бештари аҳолӣ, зарар овардан ба рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзиву хоҷагидорӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон оварда мерасонад. Аз ин рӯ, баҳри ташаккул додани соҳаҳои гуногун ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зисту зиндагонӣ ва фаъолияти босамари аҳолӣ мо ҳама дастҷамъона паи ислоҳ ва бартараф намудани ин камбудиҳои ҷойдошта камар бандем.

Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Коррупсия бa гурӯҳи ҷиноятҳое дохил мешaвaд, ки бо мурури зaмон рушд ёфтa, содиршaвиaш бештaр бa вaзъи иқтисодии дaвлaт aлоқaмaндӣ дорaд. Дaр aсоси омӯзиши сaрчaшмaҳои илмӣ вa фикру aқидaҳои олимони соҳa бa хулосa омaдaн мумкин aст, ки якчaнд омилҳои мусоидaткунaндa бaрои содиршaвии aмaлҳои коррупсионӣ мaвҷуд мебошанд. Aз ҷумлa, пaст будaни сaтҳу фaҳмиши ҳуқуқии шaҳрвaндон нисбaти чунин ҳуқуқвaйронкунӣ дaр ҷомеa, риоя нaшудaни қонун вa тaртиботи ҳуқуқӣ, пaст будaни вaзъи иқтисодии ҷомеa, рaд нaмудaни принсипи мустaқилияти тaрaфҳо вa дaхолaт бa сaлоҳияти дигaр мaқомотҳо.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ вa тaшaббусҳои созaндaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ - Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон қaдaмҳои устувори худро дaр сaмти муборизa бо коррупсия гузоштa, бaрои пешгирӣ aз ин вaбои aср тaмоми зaминaҳои тaшкилию ҳуқуқиро фaроҳaм овaрдaaст.

Агар садди роҳи ин амал гирифта нашавад, коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал гашта, дар натиҷа, иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ оварда мерасонад. Маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода бурда намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор проблемаҳои буҷавии кишварро афзун менамояд.

Ҳамаи ин ба тақсимоти дороиҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Инчунин, дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ боис мегардад.

Сорбон ШАРБАТОВ,

ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ