ТАЪСИРИ ТЕРРОРИЗМ БА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Терроризм вабои аср ва мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки на танҳо амнияти ҷони инсонӣ ва сиёсиро зери хатар мегузорад, балки ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ, ба монанди Тоҷикистон амният яке аз шартҳои асосии пешрафти рушди иқтисод ба ҳисоб меравад. Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунанда боиси ноустувори бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мегардад.
Дар сатҳи макроиқтисодӣ, ҳар гуна таҳдид ба амният, бахусус амалиётҳои террористӣ метавонад ба сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, савдои байнидавлатӣ, сайёҳӣ ва рушди иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонида, коҳиши сармоягузорӣ, коҳиши гардиши савдои дохилию хориҷӣ, сайёҳӣ, афзоиши бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро ба вуҷуд орад. Ин номуайяни сатҳи боварии сармоягузорони дохилию хориҷиро паст мекунад, хароҷоти буҷети давлатиро барои амнияти кишвар зиёд намуда, боиси ба дигар бахшҳои давлати кам равона шудани маблағҳо мегардад. Дар самти истеҳсолот ва сармоягузорӣ бошад, сабаби кам шудани сармоягузорӣ, паст шудани бахши истеҳсолӣ мегардад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари пасошуравӣ ва кӯҳсор, ки марзҳои тулонӣ бо Афғонистон дорад, дар солҳои аввали истиқлолияти худ шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ ва зуҳӯри гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гардид. Гарчанде пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъият ором шуд, таъсири он ба иқтисоди миллӣ солҳои зиёд эҳсос мешуд. Дар давраи солҳои 1992-1997 иқтисоди кишвар ба таври чашмгире коҳиш ёфт, ки сатҳи таваррум зиёда аз 2000% солонаро ташкил дода, ки ин бесобиқа дар таърихи Тоҷикистони имрӯза мебошад. Пас аз барқароршавии амният, нишондиҳандаҳои ММД тадриҷан афзоиш ёфтанд, вале суръати рушд то солҳои 2000-ум хеле паст ва оҳиста буд.
Барои коҳиш додани таъсири иқтисодии терроризм Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ аъзо шуд ва тадбирҳои зеринро амалӣ кардааст:
- Сиёсати фаъолонаи зиддитеррористӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), СААД ва дигар шарикони ин соҳа.
- Сармоягузорӣ ба амният ва назорати марзҳо, ки устувории дохилиро таъмин мекунад.
- Ҷалби сармояи хориҷӣ дар бахшҳои амн, ба монанди энергетика ва нақлиёт.
- Татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва пешгирии ифротгароӣ.
Терроризм ҳамчун омили амниятшикан таъсири амиқ ба рушди иқтисодиёти миллӣ дорад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амният ва суботи сиёсӣ ба таври мустақим ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ вобастаанд, муборизаи пайваста бо терроризм на танҳо вазифаи амниятӣ, балки омили рушди иқтисодӣ низ мебошад. Барқарор ва нигоҳ доштани амният, рушди ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ роҳҳои асосии пешгирии таъсири манфии терроризм ба иқтисод мебошанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо давлат набуда, вазифаи ҷони ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар ин замина, мо бояд бо як ҳисси баланди миллӣ эҳсос намоем ва даст ба даст якҷоя бо ин вабои аср муборизаи беамон барем.
Бахтиёр КАРИМЗОДА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng