Имрузҳо мӯзиши забонҳои хориҷӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди шахсият ва пешрафти ҷомеа табдил ёфта, он калиди рушд ва муваффақият гардидааст. Имрӯз забон на танҳо воситаи муошират, балки воситаи муҳими дастрасӣ ба дониш, илм, технология ва фарҳанги ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Баромадҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони тоҷикӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ нишонаи нуфузу қудрати забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Чун ба таърих нигарем айён мегардад, ки забони тоҷикӣ аз давраи Ҳахоманишиён то аҳди Сомониён марҳилаҳои муҳими таърихиро паси сар намуда, маҳз дар замони Сомониён соҳиби мақоми давлатӣ гардидааст.

Имрӯзҳо шахсоне, ки мехоҳанд дар зиндагӣ ва фаъолияти касбии худ муваффақ бошад, бояд на кам аз ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро аз худ намояд.

Аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар  замони иқтисоди бозоргонӣ ва рушди иқтисодӣ метавонад ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, он ба инсон  имкон диҳад ба  тарзи фикрронӣ, арзишҳо, анъанаҳо ва фарҳанги миллатҳои гуногун шинос шавад. Албатта ин раванд  сатҳи маърифати инсониро баланд мекунад ва ҳамчунин дар ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва эҳтироми мутақобила байни халқҳо низ нақши муҳим мебозад.

    Ҳоло нисфи зиёди мардуми олам бо забони англисӣ муошират мекунанд ва ҳамин аст, ки он дар байни забонҳои хориҷӣ мавқеи махсус дорад. Забони англисӣ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни илм, технология, иқтисод, тиҷорат ва дипломатия забони асосӣ ба ҳисоб рафта, дастовардҳои илмӣ, мақолаҳои тадқиқотӣ ва манбаъҳои интернетӣ маҳз бо забони англисӣ дастрас мебошанд. Донистани забони англисӣ имкон медиҳад, ки бевосита аз пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ шавад ва донишҳои муосирро аз худ кунад.

   Мусаллам аст, ки аксари дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ, китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои тадқиқотӣ бо забонҳои байналмилалӣ, бахусус англисӣ нашр мешаванд. Донистани забонҳои хориҷӣ ба муҳаққиқон ва донишҷӯён имкон медиҳад, ки мустақиман аз манбаъҳои аслӣ истифода баранд, аз навгониҳои илмӣ бохабар шаванд ва сатҳи дониши худро баланд бардоранд.

   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши забонҳои хориҷӣ дар бозори меҳнат мақоми шоистаро роиҷ аст ва бисёр корхонаҳо ва ташкилотҳо кормандонеро интихоб мекунанд, ки забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро  хуб медонанд. Забондон будан ба инсон имкон медиҳад, ки дар ташкилотҳои бонуфуз кор кунад, бо шарикони хориҷӣ ҳамкорӣ намояд ва фаъолияти касбии худро васеъ гардонад. Ин омил ба баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва таъмини муваффақияти шахсӣ мусоидат мекунад.

   Ғайр аз ин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва шахсият низ таъсири мусбат мерасонад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки омӯзиши чанд забон хотираро қавӣ мегардонад, қобилияти фикрронӣ ва ҳалли масъалаҳоро беҳтар мекунад ва тафаккури эҷодиро инкишоф медиҳад. Инчунин, шахс ҳангоми омӯзиши забонҳо сабру таҳаммул ва меҳнатдӯстиро меомӯзад.

    Дар замони муосир технологияҳо омӯзиши забонҳоро хеле осон гардонидаанд. Имрӯз тавассути интернет, барномаҳои мобилӣ, платформаҳои таълимӣ ва курсҳои онлайнӣ ҳар як шахс метавонад дар ҳар вақт ва ҳар ҷой ба омӯзиши забон машғул шавад. Ин имкон медиҳад, ки омӯзиш на танҳо дастрас, балки самаранок ва ҷолиб гардад.

   Дар арсаи чаҳони имруз тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки забони бостонии худро то имрӯз ҳифз намудаанд ва осори адибони классикиро озодона мефаҳманду истифода мебаранд, ки ин омил барои аз бар намудани забонҳои дигар шароити хуб фароҳам меоварад.

  Ҳамин тавр, омӯзиши забонҳои хориҷӣ калиди асосии рушд, муваффақият ва пешрафти шахсӣ ба ҳисоб меравад. Он ба инсон имкон медиҳад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор пайдо кунад, дониш ва малакаи худро такмил диҳад ва ба ояндаи дурахшон ноил гардад. Дар шароити муосир, ки равобити байналмилалӣ рӯз то рӯз густариш меёбад, донистани як ё якчанд забони хориҷӣ ба як зарурати воқеӣ табдил ёфтааст, на танҳо як маҳорати иловагӣ.       Дар шароити иқтисоди рақамӣ шахсе, ки забонҳои хориҷиро аз худ мекунад, метавонад аз манбаъҳои гуногуни илмӣ ва иттилоотӣ истифода барад, таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзад ва онро дар ҳаёти амалӣ татбиқ намояд.

    Ҳамзамон, омӯзиши забонҳо ба рушди тафаккури инсон мусоидат намуда, қобилияти фикрронӣ, таҳлил ва қабули қарорҳоро беҳтар мекунад. Ин раванд ба баланд шудани сатҳи худшиносӣ, эътимод ба худ ва тавсеаи ҷаҳонбинӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, омӯзиши забонҳо на танҳо барои пешрафти касбӣ, балки барои ташаккули шахсияти комил низ аҳамияти калон дорад. Маҳз бо ҳамин сабаб, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимми ҳар як шахс дар зиндагӣ дониста шуда, ба он диққати ҷиддӣ дода шавад.

   Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, роҳбарият дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои омухтани забонҳои хориҷӣ аз қабили забонҳои  руси, англисӣ ва хитоӣ тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Дар донишгоҳ утоқҳои омузиши забонҳо кушода шуда, хоҳишмандон метавонанд дар вақти дилхоҳ ройгон забонҳои хориҷиро аз худ намоянд. Ба онҳо омузгорони варзида машғулият мегузаронанд.

    Дар ҳақиқат месазад таъкид намоем, ки забон асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳифзи покизагии он вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибватан аст. Аз ин рӯ олимон, омӯзгорон, рӯзноманигорон ва аҳли зиё бояд барои таҳкими мақоми забони давлатӣ, ғанӣ гардондани забони адабӣ ва баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Манучеҳр Диловаров,

 н.и. ф. дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ.