ДАРСИ СУЛҲ ВА РӮЗИ ДОНИШ: ПАЁМИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ БА НАСЛИ ФАРДО
Дар остонаи таҷлили ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-уми шаҳри Душанбе дар маросими таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Суханронии Роҳбари давлат, ки саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ, сулҳу субот, донишандӯзӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи насли созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ буд, ҳамчун паёми муҳиму роҳнамо барои аҳли маориф, омӯзгорону падару модарон ва, пеш аз ҳама, насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол садо дод.
ИСТИҚЛОЛ - ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ МАОРИФ
Пешвои миллат дар оғози суханронии худ бо самимияти хос тамоми мардуми кишвар, аҳли маориф, омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёнро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва ҷашни дарпешистодаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, кӯдаконеро, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, махсусан шодбош гуфтанд.
Дар меҳвари суханронии Сарвари давлат як ҳақиқати бебаҳс қарор дошт: тамоми дастовардҳои Тоҷикистон дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин, ободонӣ ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла маориф, самараи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-уми шаҳри Душанбе, ки барои 2400 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, намунаи равшани ҳамин сиёсати созанда мебошад. Ин муассисаи муосир танҳо як бинои таълимӣ нест. Он рамзи таваҷҷуҳи давлат ба насли наврас, ба ояндаи миллат ва ба рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Пешвои миллат бо овардани далелҳои мушаххас таъкид намуданд, ки танҳо тайи нуҳ соли охир дар шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор нафар тарбиягиранда бунёд ва ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, танҳо дар соли ҷорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии замонавӣ барои 1000 нафар тарбиягиранда ба фаъолият оғоз менамоянд. Дар маҷмуъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин рақамҳо аз сиёсати воқеан иҷтимоӣ ва ояндабинонаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Зеро давлате, ки ба мактаб сармоягузорӣ мекунад, дар асл ба ояндаи худ сармоя мегузорад.
СУЛҲ – ШАРТИ АВВАЛИНИ ДОНИШ ВА СОЗАНДАГӢ
Дарси сулҳи имсола хусусияти махсус ва аҳаммияти амиқи таърихӣ дошт. Пешвои миллат бори дигар таъкид карданд, ки барои мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат мебошад. Воқеан ҳам, таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, як ҳақиқати муҳимро омӯзонд: бе сулҳ на дониш рушд мекунад, на маориф пеш меравад, на иқтисод тавоно мешавад ва на ҷомеа роҳи пешрафту созандагиро идома дода метавонад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, суханони Пешвои миллат дар бораи арҷ гузоштан ба сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ҳамчун як рисолати муқаддаси шаҳрвандӣ аҳаммияти махсус доранд.
Нишонаи равшани эътирофи нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардид.
Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар фарҳанги сулҳу оштӣ ва ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшад, балки таҷрибаи сулҳофарини худро ҳамчун паёми муҳим ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Аз ҳамин ҷост, ки Дарси сулҳ барои насли ҷавони Тоҷикистон танҳо як чорабинии анъанавӣ нест. Он дарси таърих, дарси ватандӯстӣ, дарси худшиносӣ ва дарси масъулият дар назди Ватан мебошад.
МАОРИФ – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ
Яке аз меҳварҳои асосии суханронии Пешвои миллат масъалаи мақому нақши маориф дар рушди давлат буд.
«Сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат аст» – ин андеша тамоми муҳтавои сиёсати маорифпарваронаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҷассум мекунад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф беш аз 70 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Ин нишондиҳандаҳо бори дигар собит менамоянд, ки рушди маориф барои давлату Ҳукумати Тоҷикистон танҳо вазифаи соҳавӣ набуда, балки масъалаи стратегии миллӣ мебошад.
Пешвои миллат дар суханронии худ аз зинаи томактабӣ оғоз намуда, ба рушди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуданд.
Махсусан, таъкид гардид, ки сифати таълиму тарбия бояд ҳамқадами рушди босуръати ҷаҳони муосир бошад.
Мактаби имрӯз бояд ҷавобгӯи талаботи фардо бошад
Ҷаҳони имрӯз бо суръати бесобиқа тағйир меёбад. Пешрафти технологияҳои рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ, густариши шабакаҳои иттилоотӣ ва пайдоиши касбу ихтисосҳои нав дар назди низоми маориф вазифаҳои тоза мегузорад.
Пешвои миллат дар ин робита таъкид намуданд, ки имрӯз сарвати асосии давлатҳо танҳо захираҳои табиӣ нестанд. Инсони донишманд, ҷавони соҳибмаърифат ва мутахассиси баландихтисос сарвати воқеии ҷомеаи муосир мебошад. Аз ин рӯ, мактаб бояд на танҳо дониш диҳад, балки тафаккури мустақил, қобилияти таҳлил, малакаи навоварӣ ва фарҳанги истифодаи технологияҳои муосирро ташаккул диҳад.
Сарвари давлат зарурати такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълим, таҳияи китобҳои дарсии насли нав, таҷҳизонидани синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳоро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳа арзёбӣ намуданд.
Дар ин раванд, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз оғози соли 2025 то имрӯз ба муассисаҳои таълимӣ 9 миллиону 215 ҳазор нусха китоби дарсӣ ва маводди таълимӣ дастрас шудааст. Барои соли таҳсили 2026–2027 бошад, 40 номгӯй китоби дарсӣ аз озмун гузашта, нашри онҳо марҳала ба марҳала идома дорад. Акнун, тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, масъала танҳо миқдори китоб нест, балки сифат, муҳтаво ва мутобиқати онҳо ба талаботи ҷаҳонӣ ва арзишҳои миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.
ТЕХНОЛОГИЯ: ИМКОНИЯТ Ё ТАҲДИД?
Аз масъалаҳои хеле муҳими суханронии Пешвои миллат муносибати ҷавонону наврасон ба технологияҳои нав буд.
Имрӯз телефонҳои ҳушманд, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва зеҳни сунъӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон табдил ёфтаанд. Аммо истифодаи онҳо ҳам имконият аст ва ҳам масъулият.
Пешвои миллат бо нигаронӣ аз истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни хонандагон сухан гуфта, таъкид намуданд, ки зарар ё фоидаи технологияҳои нав пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки инсон онҳоро чӣ гуна истифода мебарад. Дар воқеъ, масъалаи имрӯз танҳо дастрасӣ ба иттилоот нест, балки фарҳанги истифодаи иттилоот мебошад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, ҷавони имрӯз бояд тавонад иттилооти дурусту саҳеҳро аз маълумоти бардурӯғ ҷудо кунад, аз таъсири ғояҳои ифротӣ ва иттилооти ғаразнок ҳифз шавад, шабакаҳои иҷтимоиро воситаи донишандӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ истифода намояд, вақти худро дуруст идора кунад , китобхонӣ, донишомӯзӣ ва рушди шахсиро аз ҷаҳони маҷозӣ боло гузошта тавонад.
Дар ҳамин замина, Пешвои миллат масъалаи таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоиро дар муҳити таълимӣ ҳамчун вазифаи муҳими сохторҳои дахлдор муайян намуданд. Ин дастур пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии маънавӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоии насли наврас равона шудааст.
АЗ ДИПЛОМ ТО МУТАХАССИС
Яке аз паёмҳои муҳими суханронии Пешвои миллат ба ҷавонон чунин буд: ба ҷомеа танҳо соҳиби диплом не, балки мутахассиси воқеӣ зарур аст. Ин андеша дар шароите садо медиҳад, ки бозори меҳнати ҷаҳонӣ босуръат тағйир меёбад ва касбу ихтисосҳои нав пайваста пайдо мешаванд.
Имрӯз соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, амнияти компютерӣ, зеҳни сунъӣ, муҳандисӣ ва дигар самтҳои муосир ба мутахассисони ҷавону соҳибкасб эҳтиёҷи бештар доранд. Аз ин рӯ, масъалаи интихоби дурусти касб барои ҷавонон аҳаммияти ҳаётӣ пайдо кардааст.
Пешвои миллат ба падару модарон, омӯзгорон ва ниҳодҳои масъул муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки интихоби касб набояд аз рӯйи тақлид, ҳавову ҳавас ё зоҳирпарастӣ сурат гирад. Ҷавон бояд қобилият, истеъдод, шавқу ҳавас ва талаботи воқеии бозори меҳнатро ба назар гирифта, роҳи худро интихоб намояд. Дар ин самт ба сохторҳои дахлдор вазифа гузошта шуд, ки механизмҳои муайян намудани қобилият ва лаёқати касбии кӯдакону наврасонро таҳия намоянд.
КАСБУ ҲУНАР- САРВАТИ БЕБАҲОИ ИНСОН
Дар суханронии Пешвои миллат ба масъалаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Имрӯз рушди саноат, энергетика, сохтмон, кишоварзии муосир, нақлиёт, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва иқтисоди рақамӣ ба кадрҳои соҳибкасбу соҳибҳунар эҳтиёҷи бештар доранд.
Дар солҳои охир шумораи касбу ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 230 ба 730 номгӯй расонида шудааст. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ имрӯз аз рӯйи 14 самт ва 330 касбу ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт ва 400 ихтисос кадрҳо омода карда мешаванд. Ин нишон медиҳад, ки давлат барои ҷавонон роҳҳои гуногуни донишомӯзӣ, касбомӯзӣ ва соҳибҳунар шуданро фароҳам овардааст.
Паёми Пешвои миллат ба ҷавонон дар ин масъала хеле равшан аст: ҳар як инсон бояд соҳиби дониш ва касбу ҳунар бошад. Шахси соҳибкасб ҳамеша роҳи худро дар зиндагӣ пайдо мекунад, мустақил мешавад, ба ҷомеа нафъ меоварад ва дар пешрафти давлат саҳм мегузорад.
ОМӮЗГОР - БУНЁДГАРИ ФАРДОИ МИЛЛАТ
Дар тамоми суханронии Пешвои миллат нақши омӯзгор ҳамчун яке аз неруҳои асосии рушди ҷомеа мақоми махсус дошт. Воқеан ҳам, омӯзгор на танҳо як фанро таълим медиҳад. Ӯ ҷаҳонбинии инсонро ташаккул медиҳад, дар қалби шогирд меҳри Ватанро ҷой медиҳад, эҳтиром ба қонун, падару модар, фарҳанг ва арзишҳои миллиро парвариш мекунад. Аз ҳамин рӯ, таъкиди Пешвои миллат дар бораи масъулияти бузурги омӯзгорон дорои аҳаммияти амиқи иҷтимоӣ мебошад.
Саломатии ҷомеа, рушди иқтисодиёт, пешрафти илму техника, ободии кишвар ва амнияти давлат ҳамаи ин ба сифати кадрҳое вобаста аст, ки онҳоро маориф ба камол мерасонад. Ва дар маркази ин раванд омӯзгор қарор дорад.
Пешвои миллат бори дигар масъалаи тарбияи ахлоқии насли ҷавонро ба миён гузоштанд.
Тарбияи фарзанд аз оила оғоз меёбад ва дар мактаб идома меёбад. Аз ин рӯ, ҳамкории оила ва муассисаи таълимӣ барои ташаккули шахсияти солим, донишманд ва ватандӯст аҳаммияти сарнавиштсоз дорад. Фарзанди дорои дониш, аммо беахлоқ наметавонад ҷомеаро пеш барад. Ҳамчунин, истеъдод бе меҳнат ва дониш бе тарбия наметавонад инсонро ба комёбӣ расонад. Аз ҳамин ҷост, ки Пешвои миллат масъалаи донишро аз масъалаи одобу ахлоқ ҷудо намедонанд.
Ҷавони воқеан муваффақ он ҷавонест, ки ҳам донишманд аст, ҳам соҳибкасб, ҳам соҳибфарҳанг ва ҳам ватандӯст.
ПАЁМИ УМЕД БА ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН
Дар ҷаҳоне, ки имрӯз пур аз буҳрону низоъ ва таҳдидҳои гуногун аст, Тоҷикистон таҷрибаи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва давлатсозиро ҳамчун роҳи асосии пешрафт интихоб кардааст.
Пешвои миллат ҷавононро ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои муқаддаси миллӣ даъват намуда, ба ояндаи ҷавонони кишвар эътимоди комил изҳор доштанд.
Ин эътимод бесабаб нест.
Насле, ки имрӯз дар синфхонаҳои наву замонавӣ таҳсил мекунад, ба технологияҳои муосир дастрасӣ дорад, забонҳои хориҷиро меомӯзад, илму дониш меандӯзад ва таъриху фарҳанги худро мешиносад, бояд фардо идомадиҳандаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошад.
Дарси сулҳи соли 2026 дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳз ба ҳамин маънӣ садо дод: Истиқлолро бояд бо дониш ҳифз кард, сулҳро бо фарҳанг ва таҳаммул таҳким бахшид ва ояндаи Ватанро бо меҳнати созанда бунёд намуд.
Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои ҳар як омӯзгор дастури масъулият, барои ҳар як падару модар паёми ҳушдор, барои ҳар як ҷавон роҳнамои зиндагӣ ва барои тамоми ҷомеа даъват ба созандагӣ мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба марҳалаи нави рушди худ ворид мешавад. Дар ин марҳала ба кишвар пеш аз ҳама ҷавонони донишманд, соҳибкасб, дорои ҷаҳонбинии миллӣ, фарҳанги баланд ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ заруранд. Ва маҳз мактаб бояд чунин инсонҳоро тарбия намояд.
Мактаби имрӯз таҳкурсии Тоҷикистони фардо, дониши имрӯз иқтидори миллии фардо ва сулҳи имрӯз кафолати ҳастии миллат дар оянда мебошад.
Пешвои миллат бо эътимоди қавӣ ба фардои Тоҷикистони маҳбуб изҳор доштанд, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар, ватандӯсту созандаи мамлакат дар оянда ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт.
Ин паёми пурмуҳтаво имрӯз барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аҳаммияти сарнавиштсоз дорад. Зеро миллате, ки ба дониш арҷ мегузорад, сулҳро муқаддас медонад, ҷавононашро соҳибмаърифат ва соҳибҳунар тарбия мекунад ва ояндаи худро бо меҳнати созанда бунёд месозад, ҳамеша зинда, тавоно ва рӯ ба пешрафт хоҳад буд.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng