Агар хоҳӣ, ки донои забон андар замон бошӣ,

Забони худ бидон аввал.

Агар хоҳӣ, ки байни мардумон вирди забон бошӣ,

Забони худ бидон аввал.

Забони модарии хешро эҳсону ҳурмат кун,

Ба сони шири модарҳо.

Зи дӯлонию вайронию нуқсонҳо ҳимоят кун,

Ту ҳам монанди дигарҳо.

Бо соҳиб шудан ба давлати мустақил, яке аз муқаддасот ва рукнҳои асосии ҳар давлати соҳибистиқлол забони он мақоми хосса пайдо мекунад. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки забони давлатии худро хуб донад ва онро эҳтиром намояд.

Бузургдошти забони модарӣ масъалаи ҳаёту мамоти миллат аст. Забони модариро бузург надошта, чӣ сон метавон волидонро бузург дошт? Чӣ сон метавон Ватанро бузург дошт? Чӣ сон метавон таърихи миллат ва азизону номдорони онро гиромӣ дошт? Миллате, ки забони модарии худро тавоно намесозад, пос намедорад ва азиз намешуморад, ба завол ва нестӣ маҳкум аст.

Маҳз мақоми таърихии забони тоҷикӣ ва омили муттаҳидгари халқ будани он ба зуҳури сулолаи Сомониён ва ташаккули давлати миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Воқеан, тоҷикон дар аҳди Сомониён бо ин забон фарҳанги ҷаҳоншумуле офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор, меъмор ва арбоби давлатиро ба арсаи ҷаҳонӣ бароварданд, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Абумуслим, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ ва Балъамӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ба шарофати фаъолият ва осори онҳо забони тоҷикӣ дар тули беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст.

Сулолаҳои Ғазнавиён, Қарахониён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, ки қариб ҳазор сол бар сарзаминҳои тоҷикон ҳукмронӣ кардаанд, маҳз ба хотири забони суфтаву ноби тоҷикӣ ва илму фарҳанги волои ин миллат, коргузории расмии худро бо ин забон ба роҳ монда буданд. Кори вазоратҳо ва девондории дарборҳо низ ба дасти олимон, адибон ва арбобони давлатии соҳибзабон сурат мегирифт.

Тоҷикон дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсолаи худро маҳфуз доштаанд. Имрӯз низ мо шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоиру адибони гузаштаро озодона мефаҳмем ва осори онҳоро дар гуфтугӯву навиштори худ истифода мебарем.

Забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихор аз Ватан ва ватандорӣ, таъриху фарҳанг, миллат ва ҳувияти миллӣ пеш аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад.

Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори олимону муаллимон, рӯзноманигорон, муҳаққиқон ва зиёиён пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мартабаи он, бо истифода аз захираҳои забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанӣ намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад.

Ҳар фарди бонангу номуси миллат барои баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, болоравии сатҳи худшиносӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, инчунин пешгирӣ аз пайравии кӯр-кӯрона ба забонҳои дигар бояд саҳми худро гузорад.

Набояд фаромӯш кард, ки инсон забони адабиро асосан аз кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ меомӯзад. Аз ин ҷиҳат, яке аз сабабҳои риоя накардани меъёрҳои забони адабӣ аз ҷониби калонсолонро метавон ба сустии инкишофи нутқи мактаббачаҳо вобаста донист.

Яке аз камбудиҳои кори мо ин аст, ки ба кӯдакону наврасон меҳри забон, завқи забономӯзӣ ва суханвариро ба таври кофӣ тарбия намекунем. Фаромӯш кардаем, ки ин вазифаи бошарафи ҳамаи мост: падару модарон, мураббиёну муаллимон, ҳамкорону ҳамкасбон, ҳамсоягону ҳамдиёрон. Бе муҳаббат ба забон ва завқи забономӯзӣ сухандон шудан мумкин нест. Чунин завқро бояд тарбия кард, зеро он худ ба худ пайдо намешавад. Завқи омӯзиши забон аз муҳаббат ба забон ва аз бошуурона дарк намудани моҳияти он сарчашма мегирад.

Муҳаббат ба забон муҳаббат ба модар ва муҳаббат ба Ватан аст. Магар аз модар ва Ватан азизтару муқаддастар чизе ҳаст?

Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён ва сипас дар дарбори Сомониён ҳамчун забони идораи давлат ва коргузории расмӣ ривоҷ пайдо карда буд. Бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин шеърҳои тоҷикӣ суруда шуда, дар давоми садсолаҳои минбаъда ҳазорҳо ҷилд асарҳои таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ ва динӣ эҷод гардиданд.

Аз ин рӯ, баъди ба даст овардани истиқлолият мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба поймол шудани истиқлолияти фарҳангии миллатамон роҳ диҳем. Зеро истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст. Истиқлолияти фарҳангӣ миллатро ба истиқлоли аслӣ мерасонад, қувваи ҷисму рӯҳи онро афзуда, барои пояндагии ҳастии он шароит фароҳам меорад.

Моддигароие, ки тобеи маънавиятҷӯӣ нест, ҷомеаро ба сӯи вартаи бемаънавиятӣ мебарад. Бемаънавиятӣ баробари нестӣ аст, зеро ба манқуртият меоварад ва инсонро аз ёди фарҳангӣ, ҳофизаи таърихӣ, сифатҳои инсонӣ ва ҷавҳари башарӣ маҳрум месозад.

Истиқлолияти фарҳангӣ ба истиқлолияти сиёсӣ эҳтиёҷ дорад ва истиқлоли сиёсӣ бидуни истиқлоли фарҳангӣ пойдор нахоҳад буд. Истиқлоли фарҳангӣ бидуни истиқлоли сиёсӣ метавонад вуҷуд дошта бошад ва мавҷудияти худро идома диҳад, аммо истиқлоли сиёсӣ бидуни истиқлоли фарҳангӣ сустбунёд аст.

Инсонгароии омӯзишу парвариш, ҳамбастагии саводу маънавият ва такмили пайвастаи савод дар мактаби миёнаву донишгоҳҳо метавонанд барои бартараф намудани пастсаводиву бесаводӣ, хушсавод гардидани миллат ва бафарҳанг шудани ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оваранд. Ҳамин омилҳо барои расидан ба камолоти маънавӣ ва устувор гардидани истиқлоли фарҳангии миллат, яъне барои таъмини бақои умри таърихии он, аҳамияти бузург доранд.

Эҳёи маънавӣ бояд дарунмояи андешаи миллӣ ва ғояи асосии давлатдории тоҷикон дониста шавад.

Дар офариниш ва пешрафти ҳамаи давру замонҳои ҷамъият яке аз омилҳои асосӣ ва пурқудрат забон аст, сухан аст. Оре, забон муҳимтарин воситаи муомилот, заруртарин омили тарбияву омӯзиш ва тавонотарин василаи таъсиррасонӣ мебошад.

Тарбияи инсон, ташаккули одобу ахлоқи ҳамида, муомила ва муносибати нек, омӯзиши тарзи муошират, рафтору гуфтор, тарбияи некномӣ, некбинӣ ва башардӯстӣ пеш аз ҳама ба воситаи сухан имконпазир мегардад. Сухани ҳақ, сухани равшан, сухани пуртаъсир ва сухани рӯҳбахш нишон медиҳад, ки қадри сухан дар замони мо то чӣ андоза меафзояд. Аз ҳамин ҷост, ки масъалаи забон, тарзи баён ва маданияти нутқ аҳамияти махсус касб менамояд.

Дар шоҳбайтҳои пурҳикмати Соиб чунин омадааст:

Сухан санҷида гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.

Фақат ба василаи адабиёти классикӣ метавонем дар ниҳоди ҷавонон завқи забондонӣ ва маънишиносиро бедор намоем. Танҳо тавассути мутолиаи тӯлонӣ, бо сабру таҳаммул ва пайгирӣ метавон пайроҳаҳои обшустаи суханро обод кард.

Агар дарсҳои забон бо адабиёт пайваста шаванд, хонандагон аз фасоҳату балоғат баҳравар хоҳанд шуд ва аз омӯзиши қоидаҳои хушку холӣ раҳоӣ меёбанд. Онҳо муродифҳои гуногуни калимаҳоро аз худ намуда, тарзи сохтани ҷумлаҳои фасеҳу зеборо низ ёд мегиранд.

Қаҳрамонии забони тоҷикӣ дар ҷонсахтии офаридгори он, посбонии ҳофизони он, эҳтироми соҳибони он, дар нобӣ, гувороӣ, пурҷавҳарӣ, навозандагиву ҷоннавозӣ, ҳузурбахшӣ, оҳанрабоӣ, ҷонрабоӣ, дилрабоию мафтунгарӣ, дар таъсирбахшию пурғунҷоишӣ ва, пеш аз ҳама, дар шири модар будани он аст.

Шири модарро ҳеҷ фарде ҳаққи олудан, эҳтиром накардан ва гум кардан надорад. Зеро:

Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон,

Он ки гум карда забони модарӣ!

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!

Забони тоҷикӣ ҷонбахши бӯстонсарои олами маънавӣ, зангӯлаи ҷоннавози гӯшҳову гӯишҳо, тоҷи ифтихори миллӣ ва мояи ифтихори миллат аст.

Мо ифтихор мекунем, ки донанда ва дорандаи яке аз забонҳои ширину зебои ҷаҳон забони тоҷикӣ ҳастем. Ҳифзи ин забон, арҷ гузоштан ба он ва рушди пайвастаи забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва қарзи маънавии ҳар фарди соҳибватан мебошад.

 

Нигина СИРОҶОВА,

номзади илмҳои филологӣ, устоди ДДМИТ