САФАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ОБРӮИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Сафарҳои корӣ, расмӣ ва давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат аҳамияти муҳим доранд. Ин сафарҳо, аз як тараф, ба шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва раванди рушди минтақаҳои кишвар мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар, барои густариши муносибатҳои байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ замина фароҳам меоранд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил медиҳанд. Дар ҷараёни чунин сафарҳо масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо, вазъи инфрасохтор, соҳаи маорифу тандурустӣ, саноат, энергетика ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа баррасӣ гардида, ба татбиқи лоиҳаҳои созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Аз ҷумла, 27-28 сентябри соли 2026 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуда, бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот анҷом доданд. Дар доираи ин сафар 90 иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, як қатор иншооти энергетикӣ, роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар вилояти Хатлон низ дар доираи рушди саноат ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант бо иқтидори истеҳсоли 250 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз ва 90 миллион дона дар як сол бунёд гардидааст.
Ҳамин гуна ташрифҳо барои таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа, шиносоии бевосита бо вазъи минтақаҳо ва суръат бахшидани татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ аҳамияти муҳим доранд.
Самти дигари муҳими фаъолияти сиёсиву дипломатии роҳбарияти Тоҷикистонро сафарҳои давлатӣ ва расмӣ ба кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар доираи чунин сафарҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, маориф, фарҳанг ва дигар самтҳо баррасӣ мешаванд.
Дар соли 2026 низ муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ густариш ёфтанд. Аз 11 то 14 майи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд. Дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Пекин баргузор гардида, Сарвари давлат ҳамчунин, аз шаҳри Чунчин ва як қатор корхонаҳои бузурги саноатии ин шаҳр боздид намуданд. Дар музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.
Сафари давлатӣ ба Чин барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ низ аҳамияти хос дошт. Дар доираи он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, бонкдорӣ, саноат ва истихроҷи маъдан баррасӣ гардиданд.
20-21 июли соли 2026 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон баргузор гардид. Дар доираи ин сафар маросими шинонидани «ниҳоли дӯстӣ», мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба сурат гирифт.
Сафарҳои хориҷии Роҳбари давлат яке аз воситаҳои дипломатияи давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо кишварҳои шарик ва баррасии масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ имкон фароҳам меоранд.
Дар доираи чунин сафарҳо масъалаҳои ҷалби сармоя, рушди тиҷорати хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон, иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ барои муаррифии мавқеи кишвар оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ замина фароҳам меорад.
Лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ, аз ҷумла CASA-1000, низ дар заминаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа ва шарикони байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Чунин ташаббусҳо аҳамияти иқтисодӣ ва минтақавӣ дошта, ба рушди ҳамкориҳои энергетикӣ мусоидат мекунанд.
Дар маҷмуъ, сафарҳои корӣ, расмӣ ва давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои кишвар ва давлатҳои хориҷӣ қисми муҳими фаъолияти давлатӣ ва дипломатии Тоҷикистон мебошанд. Сафарҳои дохилӣ ба шиносоии бевосита бо вазъи минтақаҳо, баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва суръат бахшидани корҳои созандагӣ равона гардида бошанд, сафарҳои хориҷӣ барои густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
Аз ин рӯ, омӯзиши натиҷаҳои чунин сафарҳо барои дарки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аҳамияти муҳим дорад. Самараи онҳо пеш аз ҳама дар доираи санадҳои баимзорасида, созишномаҳои ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва натиҷаҳои амалии муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ мегардад.
Миҷгона ШАРИПОВА,
ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng