Ҳар як қонун пас аз мавриди амал қарор гирифтан муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин ё он самт танзим намуда, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷомеа ва шаҳрвандон равона мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон, пешгирии хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ дар ҷомеа равона шудааст.

Пеш аз он ки дар бораи моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намоем, зарур аст вобаста ба шароиту имконоти иҷрои расму оин ва рукнҳои динӣ дар давраи пеш аз соҳибистиқлолӣ, заминаҳои ташаккул ва зарурати қабули Қонуни мазкур чанд андеша баён намоем. Зеро ин қонун дар баробари дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ расму оинҳоеро низ танзим менамояд, ки бештар ба эътиқоди динӣ иртибот доранд.

То мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур, хусусан расму оинҳои вобаста ба маросими дафну азодорӣ, ба дӯши мардум мушкилоти зиёде мегузоштанд. Хурофоту зиёдаравии динӣ, ки дар тафаккури мардум аз давраҳои пешин ҷой гирифта буданд, бо гузашти вақт ба баъзе расму оинҳо таъсири назаррас расонида буданд.

Дар баробари вазъи номусоиди иқтисодию иҷтимоии мардум, расму оинҳои динӣ, хусусан маросимҳои вобаста ба дафну азодорӣ, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ монеаҳои муайян эҷод мекарданд. Маъракаҳои оши сари тахта, себегоҳина, ҳафт, чил, шашмоҳагӣ, сари сол, дастурхонҷамъкунӣ ва муддати як сол ҷӯмагӣ кардан, ки ҳамчун расму оин аз гузаштагон мерос монда буданд, барои бисёре аз шаҳрвандон бори гарон ба ҳисоб мерафтанд. Ҳатто маблағҳои зиёде, ки шаҳрвандон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст меоварданд, дар чунин маъракаҳо намоишкорона харҷ гардида, барои баъзе оилаҳои камбизоат боиси қарздорӣ мешуданд.

Ҳамчунин, баргузор намудани тӯй ва маъракаҳои серхарҷ, ки баъзан хусусияти зоҳирпарастӣ ва шуҳратхоҳӣ доштанд, ба вазъи иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мерасониданд. Дар баъзе мавридҳо чунин маъракаҳо боиси норозигӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа гардида, мушкилоти иқтисодии оилаҳоро бештар мекарданд. Илова бар ин, дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузории баъзе маъракаҳои сунъӣ ва расму оинҳои ба фарҳангу мазҳаби мардуми тоҷик бегона вазъи зиндагии табақаҳои камбизоати ҷомеаро вазнинтар менамуд. Чунин вазъ зарурати қабули қонуни махсусро ба миён овард.

Бо қабули қонуни мазкур баргузории ҷашну маросим ба низом дароварда шуда, барои пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Риояи меъёрҳои муайян имкон дод, ки қисми зиёди хароҷоти нолозим коҳиш ёфта, вазнинии иқтисодии маъракаҳо аз дӯши шаҳрвандон кам карда шавад. Ҳамчунин, ба низом даровардани баргузории тӯю маъракаҳо барои беҳтар гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии баъзе ҳолатҳои номатлуб мусоидат намуд.

Қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ба низом даровардани ҷашну маросимҳо ба ҳалли як қатор мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, масъалаҳои вобаста ба баргузории тӯю маъракаҳо ва расму оинҳо дар доираи муайяни ҳуқуқӣ танзим гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ ба муносибати 10-солагии қабули ин қонун таъкид намуда буданд: «Расму ойинҳои динӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллии мардуми мо мансуб меёбад ва мақсади асосиамон дар баробари муайян намудани меъёрҳои баргузории онҳо, инчунин раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ мебошад».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани фарҳанги динии шаҳрвандони мамлакат ва фароҳам овардани имконият барои иҷрои рукнҳои дини мубини Ислом тадбирҳои муҳим андешидаанд. Ин иқдомҳо дар самти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳамияти хос доранд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро метавон ҳамчун рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа арзёбӣ кард. Қонун барои коҳиш додани зиёдаравӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ, инчунин барои ба низом даровардани ҷашну маросим заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Дар маҷмуъ, риояи қонун ва баргузории ҷашну маросим дар доираи муқаррароти он метавонад ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоию иқтисодии оилаҳо, истифодаи оқилонаи маблағ ва таҳкими фарҳанги миллӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд ба анъанаҳои миллӣ эҳтиром гузошта, ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо аз зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва хурофотпарастӣ худдорӣ намояд.

 

Шаҳноза ҚУРБОНОВА,

ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ