Дар замони рушди босуръати технологияҳои рақамӣ зеҳни сунъӣ (AI) ба яке аз самтҳои калидии пешрафти илму техника ва иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Имрӯз масъалаҳои рушди масъулиятнок, бехатарӣ, ҳифзи маълумот ва эътимод ба низомҳои зеҳни сунъӣ на танҳо хусусияти технологӣ, балки аҳаммияти муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ пайдо кардаанд.

Дар ин замина, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳодшударо қабул намуда, 31 августро аз соли 2027 ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон кард. Қатънома бо 144 овози тарафдор, 2 овози муқобил ва 3 бетараф қабул шудааст.

Ин ташаббус аҳаммияти хосса дорад, зеро ба масъалаи рушди зеҳни сунъӣ аз мавқеи таъмини бехатарӣ, ҳифз ва эътимод муносибати байналмилалии фарогирро тақвият медиҳад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалӣ аз соли 2027 ҳамасола таҷлил гардида, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои рушд, татбиқ ва идоракунии масъулиятноки зеҳни сунъӣ, инчунин табодули таҷрибаи пешқадам замина фароҳам меорад.

Ташаббуси нав идомаи мантиқии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ мебошад. Пеш аз ин низ Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои муҳимро дар ин самт пешниҳод карда буд.

Аз ҷумла, 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд. Ин санад ба рушди иқтидори кишварҳои минтақа, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳо ва истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор равона гардида буд.

Қатъномаи соли 2026 бошад, ин равандро ба сатҳи васеътари байналмилалӣ бароварда, масъалаи зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимодро ба рӯзномаи доимии ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид менамояд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар ин самт пайдарпай аз масъалаҳои рушди минтақавӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо ба масъалаҳои бехатарӣ, ҳифз, эътимод ва идоракунии масъулиятноки зеҳни сунъӣ гузашта истодааст.

Интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод маънои рамзии муҳим дорад. Аз соли 2027 ин сана метавонад ҳар сол ҳамчун платформаи муҳими табодули таҷриба, муҳокимаи масъалаҳои сиёсати технологӣ, рушди иқтидори инсонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат кунад.

Аҳаммияти ташаббуси Тоҷикистон танҳо бо эълони як рӯзи байналмилалӣ маҳдуд намешавад. Муҳим он аст, ки чунин ташаббус барои кишвар имконияти бештар фароҳам меорад, то масъалаҳои марбут ба рушди технологияҳои навро бо эҳтиёҷоти воқеии кишварҳои рӯ ба тараққӣ пайванд диҳад.

Зеҳни сунъӣ метавонад дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, идоракунии захираҳои обӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди соҳибкории рақамӣ истифода шавад.

Созмони Милали Муттаҳид низ таъкид мекунад, ки масъалаҳои зеҳни сунъӣ бояд дар робита бо рушди устувор, ҳуқуқи инсон, шаффофият, масъулият ва назорати инсон баррасӣ гарданд. Дар доираи рӯзномаи нави байналмилалӣ масъалаҳои «safe, secure and trustworthy AI» - зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон метавонад мавқеи худро на танҳо ҳамчун истифодабарандаи технологияҳои хориҷӣ, балки ҳамчун кишвари ташаббускор дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ таҳким бахшад.

Барои Тоҷикистон рушди зеҳни сунъӣ пеш аз ҳама бояд ба ҳалли масъалаҳои воқеии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона карда шавад.

Дар соҳаи маориф зеҳни сунъӣ метавонад барои такмили раванди таълим, таҳияи маводи таълимӣ, омӯзиши инфиродӣ, таҳлили натиҷаҳои донишҷӯён ва рушди малакаҳои рақамӣ истифода шавад.

Дар соҳаи тандурустӣ технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд барои таҳлили маълумот, коркарди тасвирҳои тиббӣ ва дастгирии қабули қарорҳои мутахассисон истифода шаванд.

Дар кишоварзӣ таҳлили маълумоти обу ҳаво, ҳолати замин, намнокӣ ва вазъи зироатҳо метавонад ба истифодаи самараноки обу дигар захираҳо мусоидат намояд.

Дар соҳаи иқтисодиёт ва молия низомҳои зеҳни сунъӣ метавонанд барои таҳлили маълумоти калон, пешгӯии равандҳои иқтисодӣ, муайян кардани хавфҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо истифода шаванд.

Дар идоракунии давлатӣ низ технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ метавонанд ба такмили хизматрасониҳо, таҳлили маълумот ва қабули қарорҳои далелнок мусоидат кунанд.

Ҳамин тавр, истифодаи зеҳни сунъӣ барои Тоҷикистон бояд на танҳо ҳамчун масъалаи технологӣ, балки ҳамчун ҷузъи сиёсати рушди иқтисодию иҷтимоӣ арзёбӣ шавад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар рушди ин соҳа омодасозии мутахассисони соҳибкасб мебошад. Барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ танҳо дастрасӣ ба технология кофӣ нест. Кишвар ба барномасозон, таҳлилгарони маълумот, муҳандисон, мутахассисони соҳаи киберамният, иқтисоддонҳои рақамӣ ва муҳаққиқони дорои донишҳои муосир ниёз дорад.

Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд ба рушди малакаҳои рақамӣ, омӯзиши барномасозӣ, математика, омори амалӣ, таҳлили маълумот ва технологияҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар ин раванд рушди таҳқиқоти илмӣ низ аҳаммияти калон дорад. Ҳамкории донишгоҳҳо бо марказҳои илмӣ, ширкатҳои технологӣ ва шарикони байналмилалӣ метавонад барои ташаккули муҳити инноватсионӣ ва омода намудани кадрҳои рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оварад.

Яке аз самтҳои муҳими рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ барои Тоҷикистон коркарди забони тоҷикӣ мебошад. Барои иштироки пурраи ҷомеаи тоҷикзабон дар муҳити рақамии ҷаҳонӣ зарур аст, ки захираҳои рақамии забони тоҷикӣ, корпусҳои матнӣ, луғатҳои электронӣ, воситаҳои шинохти нутқ, тарҷумаи автоматӣ ва дигар технологияҳои забонӣ рушд дода шаванд.

Таҳияи чунин захираҳо на танҳо аҳаммияти технологӣ, балки аҳаммияти фарҳангӣ ва миллӣ низ дорад. Ҳузури фаъолонаи забони тоҷикӣ дар муҳити рақамӣ метавонад ба ҳифзи мероси забонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимӣ, илмӣ ва иттилоотӣ мусоидат намояд.

Дар баробари имкониятҳои васеъ, зеҳни сунъӣ масъалаҳои нави амниятӣ ва ахлоқиро низ ба миён меорад. Муҳофизати маълумоти шахсӣ, пешгирии истифодаи нодурусти технология, мубориза бо маълумоти бардурӯғ, таъмини шаффофият ва нигоҳ доштани назорати инсон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошанд.

Аз ин рӯ, рушди зеҳни сунъӣ бояд бо принсипҳои масъулият, шаффофият, адолат ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамоҳанг бошад. Маҳз ҳамин масъалаҳо дар рӯзномаи байналмилалии нави СММ низ мавқеи муҳим доранд.

Эълон гардидани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод барои Тоҷикистон имконияти нави дипломатӣ, илмӣ ва технологӣ фароҳам меорад.

Ин сана метавонад ба платформаи ҳамкории донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва созмонҳои байналмилалӣ табдил ёбад. Баргузории конфронсҳо, мизҳои гирд, форумҳои илмӣ, озмунҳои донишҷӯён ва барномаҳои омӯзишӣ метавонад ба ташаккули фарҳанги истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.

Тоҷикистон аллакай дар самти ташаккули инфрасохтори минтақавии зеҳни сунъӣ қадамҳои муҳим мегузорад. Дар соли 2026 сохтмони Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе оғоз гардид, ки ҳадафи он рушди таҳсилот, таҳқиқот, инноватсия, малакаҳои рақамӣ, дастгирии стартапҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 31 августи соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим дар таърихи дипломатияи рақамии кишвар ва ташаккули рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ мебошад. Эълон гардидани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод аз соли 2027 нишон медиҳад, ки масъалаи рушди масъулиятноки технологияҳои нав ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Барои Тоҷикистон ин ташаббус ҳамзамон имконият ва масъулияти нав мебошад. Имконият барои таҳкими ҷойгоҳи кишвар дар рӯзномаи байналмилалии технологӣ, ҷалби шарикони илмӣ ва сармоягузорӣ, рушди кадрҳо ва татбиқи технологияҳои муосир. Масъулият барои он ки истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати ҷомеа, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сифати маориф, беҳтар намудани хизматрасониҳо ва таъмини амнияти рақамӣ равона карда шавад.

Ояндаи Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии босуръати ҷаҳон аз он вобаста аст, ки то кадом андоза кишвар метавонад илм, маориф, технология, соҳибкорӣ ва сиёсати давлатӣ-ро дар атрофи ҳадафҳои ягонаи рушди рақамӣ муттаҳид намояд.

Зеҳни сунъӣ барои Тоҷикистон танҳо як технологияи нав нест. Он метавонад ба воситаи муҳими рушди иқтисодӣ, таҳкими иқтидори илмӣ, омодасозии насли нави мутахассисон ва воридшавии фаъолтари кишвар ба фазои рақамии ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳидро метавон на ҳамчун нуқтаи анҷоми як раванд, балки ҳамчун оғози марҳилаи нави масъулият ва имкониятҳои технологӣ арзёбӣ намуд.

 

Я. ҲАСАНЗОДА,

мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ, доктор (PhD), дотсент