ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РАВАНДИ ТЕХНОЛОГИИ ҶАҲОНИ МУОСИР (Дар ҳошияи оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe)
Яке аз дастовардҳои бузургтарини замони мо ин зеҳни сунъӣ (AI - Artificial Intelligence) мебошад. Зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки мошинҳо, барномаҳо ва системаҳо қобилияти фикрронӣ, омӯзиш ва қабули қарорҳоро ба мисли инсон дошта бошанд.
Дар ҷаҳони муосир зеҳни сунъӣ (AI - Artificial Intelligence) ба як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтааст. Чанд соли пеш он танҳо дар соҳаи илм ва барномаҳои компютерӣ истифода мешуд, имрӯз зеҳни сунъӣ қариб дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ аз маорифу тандурустӣ то саноат ва тиҷорат нақши муҳим мебозад. Зеҳни сунъӣ воситаи асосии пешрафти ҷомеаи рақамӣ буда, он на танҳо кори инсонро осон мекунад, балки ба қабули қарорҳои дуруст, сарфаи вақт ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳақиқат, зеҳни сунъӣ ҷолибтарин ихтирооти асри XXI ба шумор рафта, он дар оянда ҷаҳони моро тағйир дода, усулҳои кор, омӯзиш ва ҳаёти ҳаррӯзаи моро боз ҳам муассиртар хоҳад сохт.
Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки баъди пешниҳод дар суханронии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, дар иҷлоси навбатӣ 25-уми июли соли 2025 дар Созмони Милали Муттаҳид боз як дастоварди бузурги сиёсӣ «Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва миссияи рақамии Тоҷикистон» оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул гардида - оғози як марҳилаи нав барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони рақамӣ, рӯи кор омад.
Аз Қатънома бармеояд, ки мақсади ташаббус он аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ модели танзими зеҳни сунъиро таҳия ва дар амал татбиқ менамоянд. Тавре аз маводҳои дар расонаҳои ҷаҳонӣ нашргашта бармеояд, ҳадафи Қатънома иборат аз чунин падидаҳо дар оғози кор аст:
- таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ки бояд ба як маркази ҳамоҳангсозии омӯзиш, таҳқиқот ва технология дар тамоми минтақа табдил ёбад;
- эътирофи модели худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи мувозинати байни танзим ва навоварӣ истифода бурда шавад.
Боиси ифтихор аст, ки Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар тавонист ташаббусеро роҳандозӣ намояд, ки на танҳо аҳамияти минтақавӣ, балки хусусият ва аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
9 - уми июни соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд. Маҷмааи IT-Hub Dushanbe аз Мактаби IT, It Park, Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоот ва Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ иборат мебошад. Он баҳри рушди иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои муосир, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона гардида, ташкили муҳити нави инноватсионӣ ва рақамӣ дар кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «IT HUB DUSHANBE» бунёд мегардад.
Марказ дорои озмоишгоҳҳои муосир, марказҳои тадқиқотӣ, майдонҳои инноватсионӣ, толорҳои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва маркази пуриқтидори коркарди додаҳо хоҳад буд. Иқтидори маркази додаҳо аз 50 то 75 мегаваттро ташкил дода, барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ ва коркарди ҳаҷми бузурги маълумот шароити мусоид фароҳам меорад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Марказ, олимон, коршиносон, муҳандисон ва мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ба Душанбе ҷалб гардида, дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таҳқиқоти илмӣ ва рушди технологияҳои пешрафта саҳм мегузоранд.
Таъсиси Марказ барои омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҷалби сармоягузорӣ, рушди экосистемаи инноватсионӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази минтақавии технология ва зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар ҳақиқат марказ бояд дорои зерсохторҳои технологӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, давраҳои омӯзишии стандартҳо бошад, дар ин зерсохторҳо ҳатман фазои илмӣ-амалӣ ва тадқиқотӣ барои ҷавонон ва муҳаққиқони минтақа ба вуҷуд овардашуда, рушди касбӣ фароҳам ва имкониятҳо ба воқеият табдил дода мешаванд.
Барои ин мебояд ба яке аз имкониятҳои ба воқеият табдил додани он ташкили технопарки минтақавии Area AI, ки аллакай сохтмонаш оғоз ёфтааст, метавонад ба нуқтаи асосии ин марказ табдил ёфта, онро бо муҳтавои зеҳнӣ ва омӯзгорони сатҳи ҷаҳонӣ таъмин намуда, дастрасиро ба пойгоҳҳои байналмилалии зеҳни сунъӣ барои фаровон истифода бурдан омода кунад.
Ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, хуб медонад, ки Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ барои дар амал ҷорӣ кардан то соли 2040 қабул гашта, он бояд бо буҷаи устувор, низоми тайёр кардани кадрҳо, механизми мониторинг ва нақшаи мушаххас пурра карда шавад. Зарурати татбиқи зеҳни сунъӣ, ҳамчун инқилоб дар ҷаҳони технология, чунин падидаҳоро дар бар мегирад:
- ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, ки дорои амалияи пешқадами омӯзиши фанҳои зеҳни сунъӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошанд, густариш ёфта, омӯзгорон ва муҳаққиқони ин соҳа пайваста бозомӯзӣ карда шаванд;
- фанҳои зеҳни сунъӣ ба барномаҳои таълимии донишкадаву донишгоҳҳо, ҳамчун муассисаҳои соҳавӣ ва мактабҳои миёна ворид шаванд.
Дар соҳаи маориф зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани сифати таълим нақши муҳим дорад. Барномаҳои омӯзишии онлайн, ба мисли “Coursera”, “Duolingo” ё “ChatGPT”, бо истифода аз зеҳни сунъӣ сатҳи донишҷӯро муайян намуда, маводро мутобиқ ба қобилиятҳои ӯ пешниҳод мекунанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, AI метавонад кори устодонро осон кунад: он имтиҳонҳоро месанҷад, натиҷаҳои таҳсилро таҳлил мекунад ва тавсияҳо медиҳад. Ин раванд ба таҳсилоти фардӣ ва баланд бардоштани сифати омӯзиш мусоидат мекунад.
Дар соҳаи саноат бошад, зеҳни сунъӣ барои автоматизатсия истифода мешавад яъне, иҷрои вазифаҳои вазнин бе иштироки инсон. Масалан, роботҳои саноатӣ дар корхонаҳои истеҳсолии автомобилсозӣ ё электроника амалиёти васлкунӣ, санҷиш ва бастабандиро анҷом медиҳанд. AI метавонад ҳолати таҷҳизотро назорат карда, пешакӣ вайроншавии эҳтимолиро пешгӯӣ намояд. Ин ба ширкатҳо имконият медиҳад, ки хароҷоти таъмирро коҳиш диҳанд ва истеҳсолотро бе таваққуф идома диҳанд.
Дар ҳаёти ҳаррӯза мо ҳар рӯз бо зеҳни сунъӣ рӯ ба рӯ мешавем. Телефонҳои ҳушманд чеҳраи соҳибашонро мешиносанд, барномаҳои “Google Maps” роҳҳои беҳтаринро нишон медиҳанд, шабакаҳои иҷтимоӣ мундариҷаҳоро мувофиқ ба завқи мо пешниҳод мекунанд.
Дар баъзе кишварҳо ҳатто зеҳни сунъӣ барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ истифода мешавад масалан, камераҳои амниятӣ бо ёрии AI қонуншиканиҳоро муайян мекунанд ё шахсони гумшударо меёбанд. Дар Тоҷикистон низ чунин равандҳо тадриҷан ворид шуда истодаанд, хусусан дар фурудгоҳҳо ва марказҳои савдо, ки камераҳои “ақлдор” истифода мешаванд.
Зеҳни сунъӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Корхонаҳо тавассути системаҳои таҳлилии зеҳнӣ маълумоти бузургро (big data) коркард мекунанд, рафтори харидоронро меомӯзанд ва қарорҳои дуруст қабул менамоянд.
Ба монанди “Amazon” ё “Alibaba” мағозаҳои интернетӣ тавассути зеҳни сунъӣ ба муштариён маҳсулоти мувофиқро тавсия медиҳанд. Дар Тоҷикистон низ бонкҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои онлайн тадриҷан чунин технологияҳоро ҷорӣ мекунанд, ки ин ба рушди тиҷорати электронӣ ва баланд бардоштани самаранокии бозор мусоидат менамояд.
Дар баробари бартариятҳои худ зеҳни сунъӣ масъалаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷиддиро низ ба миён меорад. Яке аз мушкилоти асосӣ, аз байн рафтани ҷойҳои кори одамон аст, зеро бисёр корҳо тавассути роботҳо ё системаҳои автоматӣ иҷро мешаванд. Ғайр аз ин, масъалаи махфият ва амнияти маълумоти шахсӣ низ хеле муҳим аст.
Зеҳни сунъӣ дар маҷмуъ, воситаи пуриқтидорест, ки метавонад ҷомеаро ба сӯи рушди босуръат ва зиндагии беҳтар раҳнамун созаду бо ёрии он инсон метавонад мушкилоти зиёди иқтисодӣ, тиббӣ ва иҷтимоиро ҳал намояд.
Аммо барои он ки зеҳни сунъӣ ба манфиати тамоми ҷомеа хизмат кунад, зарур аст, ки одамон дониш, ахлоқ ва масъулияти истифодаи онро низ рушд диҳанд. Танҳо дар ин сурат зеҳни сунъӣ ба як шарики воқеии инсон табдил меёбад ва ба пешрафти ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад.
Хулоса, зеҳни сунъӣ дорои бартариятҳои зиёд аст он ба рушди илм, иқтисод ва сатҳи зиндагии инсон мусоидат намуда, истифодаи он бояд бо масъулият, назорати ахлоқӣ ва қонунӣ ҳамроҳ бошад, то мушкилоти эҳтимолӣ ба ҷомеа зарар нарасонанд.
Аҳлиддин МИРЗОЗОДА,
доктори фалсафа (PhD), омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng