Ваҳдати миллӣ яке аз арзишмандтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати ваҳдату сарҷамъӣ имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намуда, барои рушду пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳм мегузоранд. Ваҳдат танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки он рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, иттиҳод ва ягонагии тамоми сокинони кишвар мебошад.

Ҳар субҳе, ки мо дар ҳалқаи гарми оила бедор мешавем, бо хотири ҷамъ ба кору фаъолият машғул мегардем ва фарзандонамонро барои омӯзиши илму дониш ба муассисаҳои таълимӣ мефиристем, ҳама аз баракати сулҳу ваҳдат аст. Оромии рӯзгор, амнияти ҷомеа ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ таъмин гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки қадри ин неъмати бузургро донад ва барои ҳифзу таҳкими он талош намояд.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик рӯзҳои хеле вазнин ва пурфоҷиаро паси сар кардааст. Солҳои аввали истиқлолият барои давлату миллат давраи мушкил буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва иқтисодӣ гардид. Аммо иродаи қавии мардум ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар имкон дод, ки сулҳу оштӣ барқарор гардида, ҷомеа ба роҳи рушду созандагӣ ворид шавад. Имрӯз набояд он рӯзҳои талху сангин фаромӯш шаванд, зеро онҳо барои ҳар як шаҳрванд сабақи бузурги таърихӣ мебошанд.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи кишвар бениҳоят бузург аст. Бо талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат сулҳи деринтизор ба даст омад ва заминаи устувори рушди минбаъдаи давлат фароҳам гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ором ва амн дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Бо ибтикори Пешвои миллат соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Ин иқдоми муҳим идомаи сиёсати бунёдкорона ва созандаи давлат ба шумор рафта, мардумро ба меҳнати содиқона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят менамояд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта шавад.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ самараи сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳар як сохтмони нав, ҳар як муассисаи замонавӣ ва ҳар як дастоварди иқтисодию иҷтимоӣ натиҷаи фазои орому суботи кишвар аст.

Ваҳдати миллӣ инчунин дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад. Миллате, ки таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллии худро эҳтиром мекунад, метавонад ояндаи дурахшон бунёд намояд. Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст. Баргузории ҳамоишҳо ва конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ, пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва иқлим нуфузи кишвари моро дар ҷаҳон боз ҳам боло бурдааст. Ин ҳама дастовардҳо маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат ба даст омадаанд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки ҳифзи сулҳу ваҳдат вазифаи муқаддаси ӯст. Мо бояд аз таҷрибаи талхи гузашта сабақ гирифта, ба ҳар гуна андешаҳои ифротӣ, ҷудоиандозӣ ва фитнаангезӣ роҳ надиҳем. Танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва ваҳдати миллӣ метавонем ҷомеаи пешрафта ва давлати нерумандро бунёд намоем.

Хулоса, ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик неъмати бебаҳо ва сарвати бузурги маънавӣ мебошад. Он кафили сулҳу субот, рушду пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум аст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки барои таҳким ва пойдории ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ин мероси гаронбаҳоро ба наслҳои оянда ҳифз намоем. Зеро саодати миллат дар ваҳдат аст ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон низ маҳз аз ваҳдати устувори мардум вобаста мебошад.

 

Ёрибек ТИЛАБОВ,

декани факултети ҳисобдорӣ ва омор