ВАҲДАТ - РЕШАИ ИЛМ ВА ИЛМ - ЧАРОҒИ ВАҲДАТ
Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашни бузурги тоҷикон ба шумор рафта, он на танҳо ҷашн, балки ҳаёти азалии мо ба шумор меравад. Бисту нӯҳ сол пеш вақте мо ин хонаро сохтем, дарк намудем, ки бе иттифоқ ҳеҷ девор пойдор намемонад. Илм, хусусан фанҳои табиатшиносӣ ҳамчун таҳкурсиест, ки деворҳои ваҳдати моро пойдор менамояд. Решаи мо ориёист, забони мо тоҷикӣ-форсӣ ва қиблаи мо Ватан аст. Табиат забон надорад, аммо истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, забони илмиро мехоҳад ва забони илмӣ дар ваҳдату ягонагист.
Вақте мо як мушт шуда кор ва фаъолият менамоем, иқтисодиёти мо хуб рушд мекунад. Мисоли возеҳ ин аст, ки имрӯз дар яке аз иншооти аср – “Роғун” тамоми қишрҳои ҷомеа дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ кору фаъолият менамоянд. Боиси хушнудист ва фараҳмандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон мардуми парешонгаштаро сарҷамъ намуда, баҳри ободкорию созандагӣ, якдилию ободкорӣ камари ҳиммат бастаанд. Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо роҳу пулро вайрон кард, он махзани илмии кишварро ҳам тақрибан аз байн бурд. Олимон ватанро тарк карданд ё қисме аз онҳо дар ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ ҷони худ ва наздиконашонро аз даст доданд. Озмоишгоҳҳо холӣ монданд ва таҳқиқотҳои илмӣ қатъ шуданд. Ҷанги хонумонсӯз тамоми соҳаҳоро қариб, ки аз байн бурд.
Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки он соли 1997 ба вуқуъ пайваст, ҷони мардум аз вартаи нобудшавӣ раҳо ёфт. Дар ин росто, олимону шоирон дар васфи Ватан ва Ваҳдати миллӣ шеърҳо эҷод карданд ва нафаси тозаю умедбахш кашиданд. Дубора ба илҳом омаданд ва барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ кӯшиш ба харҷ доданд.
Ваҳдати миллӣ буд, ки мардумро дубора умед бахшид ва ба рушди илм заминаи босазои худро гузошт. Маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Бояд қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додаанд. Тавре Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф 18 марти соли 2020 таъкид намуданд: “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”. Барои бештар ҷалби наврасон ва ҷавонон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон карда шуд. Барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” эълон карда шуд. Бинобар ин, ба вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор гардиданд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Дастур доданд, ки ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд.
Асоси илмҳои табииро физика, астрафизика, кимиё, риёзӣ, биология, геология ва ҷуғрофия ташкил медиҳад. Физикдон ва кимиёшиноси рус, асосгузори системаи даврии элементҳо Д.И. Менделеев гуфтааст: “Вақте фаро мерасад, ки ҳамаи ҷаҳон ба илми ягона, ҳақиқати ягона, саноати ягона, бародари ягона, дӯсти ягона ба табиат соҳиб мешавад”. Ин гуфта ба он маъност, ки илмҳои табиатшиносӣ сарҳад надоранд. Агар ба таърихи фанҳои табиатшиносӣ назар афканем, мебинем, ки ҳар як илм, кашфиёт, ихтироот, соҳаи дилхоҳи истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ ва ғайра таърихи ба вуҷуд омадан ва инкишофро дорад. Дар байни илмҳои табиатшиносӣ физика нақши пешбарандаро мебозад. Олими итолёвӣ Галилео Галилей яке аз асосгузорони илми табиатшиносӣ ба шумор меравад, чунки ӯ физикаро ҳамчун илм инкишоф дод.
Ба эътидол омадани вазъият моро водор намуд, ки ба мавзуи об ва иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 2003 то инҷониб дар мавзуи “Об ва иқлим” таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Тоҷикистон зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро дар худ ҷо медиҳад. Пиряхҳои Помир ва Тиёншон, ки баъзе онҳоро “хазинаи об” ном мебаранд, дар нимаи дуюми асри бистум ба таври назаррас кам шудаанд. Ин раванд ҳоло ҳам идома дорад ва маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон ба як қатор созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи биогуногунӣ ва Созишномаи Париж ҳамроҳ шуд.
Асоси ҳамаи ин пешравиҳо аз ваҳдат аст. Пас Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмати бебаҳост, ки моро ба қуллаҳои баланди илм мерасонад. Моро мебояд барои мустаҳкам намудани решаи Ваҳдати миллӣ кӯшиш намоем ва дониши худро сайқал дода, баҳри шукуфоии Ватани азизи худ ҷоннисорӣ намоем.
Рустам ЯҚУБОВ,
муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ
Тоҷ
Рус
Eng