ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ СУЛҲУ ДУСТӢ ВА САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ
Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимму назарраси замони истиқлол ба ҳисоб рафта, он кафили ягонагӣ, сарҷамъӣ ва сулҳу суботи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Пас аз солҳои душвору сангини ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба иқтисодиёт, фарҳанг ва сатҳи зиндагонии мардуми кишвари азизамон зиёни бисёр расонид, мардуми Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонистанд бо иродаи қавӣ ва хиради сиёсӣ ба сулҳу дустӣ ва ҳаёти осоишта мушарраф гарданд.
Зери мафҳуми Ваҳдати миллӣ ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагии кулли мардуми кишвар ҳамоҳанг мегардад. Дар ҷомеае, ки сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, мардуми он барои рушду пешрафти давлат ва ободии кишвар аз як гиребон сар бароварда фаъолият менамоянд. Ваҳдат натанҳо ягонагӣ, балки ҳамзистии осоишта, эҳтироми якдигар ва ҳамкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии кишвар маҳсуб меёбад.
Пас аз он ки мардуми тоҷик истиқлолияти давлатии худро соли 1991 ба даст овард, Тоҷикистон ба мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Соли 1992 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки чанд сол идома ёфт. Дар натиҷаи ин ҷанг ҳазорҳо нафар ҳалок гашта, ҳазорон оилаҳо бесарпаноҳ монданд ва иқтисодиёти кишвар зарари бениҳоят ҷиддӣ дид ва вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат хеле коста гардид.
Бо талошу кӯшишҳои роҳбарияти давлат ва ташаббусҳои қаҳрамононаи президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо неруҳои мухолифи сиёсӣ музокироти сулҳ анҷом дода шуд. Баъди чандин гуфтушунидҳо 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати таърихӣ ва тақдирсоз барои халқи тоҷик саҳифаи нави таърихро боз намуд ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ҷиҳати барқарор намудани сулҳ ва тараққиёти давлат заминаи устувор фароҳам овард. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва махсусан баъд аз барқарор гардидани сулҳу субот, Тоҷикистони азизамон ба як қатор дастовардҳои муҳимму арзишнок ноил гардид. Дар кишвари азизамон бо ташаббусҳои ватандӯстонаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоотҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан байни минтақаҳои гуногуни кишвар, муассисаҳои таҳлимиву корхонаҳо бунёд гардиданд. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо ба осонӣ ба даст наомада, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии президенти кишвар ба амал омаданд, ки инро бояд ҳамеша дар мадди назар гирифт ва қадр намуд. Ваҳдати миллӣ барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми кишвар мусоидат намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаҳои дустона дошта, дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои осоишта, ором ва сулҳпарвар шинохта мешавад.
Ҳамчунин, ваҳдат барои рушди фарҳанг ва илму маориф шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст. Ҷавонони мо имрӯз имконият доранд, ки дар муассисаҳои таълимӣ дониш омӯхта, дар озмунҳо ва чорабиниҳои гуногун ширкат варзанд ва барои ояндаи кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбаранда ва созандаи ҷомеа барои ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ масъулияти бузург доранд. Онҳо бояд таъриху фарҳанги миллати хешро омӯзанд, ба арзишҳои миллии кишвар арҷгузор бошанд ва барои нигоҳ доштани сулҳу суботи ҷомеа талош варзанд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ яке аз омилҳои муҳимми таҳкими ваҳдат дар кишвар мебошад. Ҷавонон бояд аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ сабақ гирифта, ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот, дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвари азизамон бошанд.
Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ ва худшиносии миллӣ ин вазифаи на танҳо давлату ҳукумат, балки вазифаи асосии ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷомеа, махсусан мо устодон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, мо устодон кушиш менамоем, ки дар ҷараёни дарсҳои худ ба донишҷӯён, ки ашхоси ояндасози ҷомеа маҳсуб меёбанд, мунтазам дар мавзуъҳои ватандустӣ, сулҳпарварӣ ва ҳуввияти миллӣ сухан ронда, ба эшон ҳамеша таъкид месозем, ки якояки онҳо бояд ба қадри тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвари худ бирасанд ва барои пешрафти ватани азизи худ саҳми арзанда гузоранд.
Дар интиҳо ҳаминро бояд қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ ин як неъмати бебаҳо ва яке аз дастовардҳои бузурги халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузор сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо имрӯз дар роҳи рушду тараққиёт ва пешрафт қарор дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Мо бояд ин арзиши бузургро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва аз як гиребон сар бароварда, барои пешрафту ободии кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.
Ваҳдати миллӣ рамзи сулҳу дустӣ, сарҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Танҳо дар фазои ҳамбастагӣ ва осоиштаи кишвар метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати ободу неруманд бунёд намуд.
Банда аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи шумо ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки замина ва рамзи сулҳу осоиштагӣ дар кишвар мебошад, аз самими қалб табрик намуда, ба ҳамаи шумо хушбахтӣ, сарбаландӣ ва зиндагии ободу оромро дар фазои сулҳу осоиштаи ватани азизамон таманно дорам. Бигзор ватани азизи мо ҳамеша тинҷу ором, ободу шукуфон бошад ва пойдевори сулҳу дустӣ дар марзи он доимо устувор бимонад.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Парвина ОРЗУЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ,
устоди кафедраи забонҳои хориҷӣ.
Тоҷ
Рус
Eng