Ваҳдат ва иттиҳод яке аз омилҳои муҳимтарин барои пешрафт ва рушди давлати муосир мебошад. Дар асри XXI, вақте ки љараёни љањонишавї, яъне глобализатсия босуръат идома дорад муносибатњои байналхалќї мураккаб гардида, аҳамияти ваҳдат барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, геосиёсӣ ва иҷтимоӣ меафзояд. Ваҳдат ва иттиҳод омили муҳимтарин бањри таъмини рушди устувор ва заминагузори мустањкамгардии маќоми давлат дар миќёси љомеаи љањонї мебошад. Таҷрибаи кишварҳои муваффақ нишон медиҳад, ки бо роҳи эҷоди муҳити субот ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ, давлатҳо метавонанд ба рушди устувор ва шукуфоӣ ноил гарданд. Барои Тоҷикистон низ ваҳдати миллӣ ба ҳалли мушкилоти дохилӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд мусоидат намуд.

Ваҳдати миллӣ  барои барқарорсозии сохтори давлатӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид. Чунки имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги панҷсолаи харобиовари дохилӣ дар Тоҷикистон, ки аз  рӯи омори тахминӣ беш аз 150 ҳазор кӯшта бар ҷой гузошта ва ҳудуди 10  миллиард доллар хисорот ворид намуда буд, хотима бахшид. Иқтисодиёти Тоҷикистон аз оғози низои дохилӣ то соли расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ босуръат рӯ ба таназзул ниҳода буд. Дар давоми солҳои 1992-1997 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1991 -ум 3 баробар кам шуд, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ ҳамин қадар, маҳсулоти кишоварзӣ - ду баробар, молҳои ниёзи мардум - панҷ баробар паст шуда, даромади пулии аҳолӣ бештар аз ҳашт маротиба кам гардид.

Баъди касби истиқрори сулҳ кишвари мо марҳала ба марҳала ба барқарор намудани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ оғоз бахшида, аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд. Таҳия ва татбиқи барномаи мазкур имкон дод, ки барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул карда шаванд.

Дар заминаи амалинамоии ҳадафҳои стратегӣ натиҷаҳои  зерин ба даст оварда шуд, ба монанди таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ; раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; вусъати шуғли пурмаҳсул; саноатикунонии босуръат, рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот равонагардида; кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таконҳои беруна ва инкишофи иқтидорҳои дохилӣ; танзими рушди бозорҳои дохилии молӣ, пулӣ, берунӣ, меҳнатӣ ва инноватсионӣ маҳсуб меёбад, ки ҳама дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ амалӣ гардиданд.

Ҳоло агар мо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкориро аз замони ба даст овардани Ваҳдати миллӣ то ба ин рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, пас дар ин росто гуфта метавонем, ки  кишвари мо ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст.

Агар дар солҳои аввали эълон гардидани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 518,4 млн. сомонӣ ва суръати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2024 беш аз 154 млрд. сомонӣ  ё 297 маротиба зиёд ва афзоиши воқеии он  ба 8,4 дарсад баробар гаштааст.

Дар ин давра маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ аз 89 сомонӣ то зиёда аз  14683 сомонӣ ё тақрибан 165 маротиба (бе дарназардошти таваррум) ва музди миёнаи меҳнат бошад, аз 5 сомони то 2215,5 ё 443 маротиба зиёд гардида аст.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 даромади пулии аҳолӣ 165 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин рақам дар соли 2015 ба 26 миллиард, яъне беш аз шаш маротиба афзоиш ётааст.

Тавре болотар гуфтем, бо дарназардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиҳати такмил додани механизмҳои озоди иқтисодӣ, сода гардонидани низоми андозбандӣ ва  ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки ба   рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад, тадбирҳои заруриро рӯи кор оварда, то имрӯз бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ин бахши муҳими иқтисодиёт як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ  шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи  некуаҳолии мардум мебошад.

Ҳамин тариқ, истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки дар ин самт стратегия ва барномаҳои зиёди давлатӣ таҳия ва татбиқ гарданд.

Хуллас, ба даст овардани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар барои рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ бозида, барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ заминаи мусоид гузошт.

 

Баҳодур ҶӮРАХОНЗОДА,

декани факултети молия ва қарз,

 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент