НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР
Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.
Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошхои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.
Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Дарвоқеъ, истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар мусоидат кард ва моро зарур аст, ки аз имконоти мусоид ҳадафмандона истифода намуда, баҳри рушди босуботи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми босазои худро гузорем.
Ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистон дар чунин шароити вазнин шурӯъ гардид ва қайд кардан зарур аст, ки дар як вазъияти бӯҳрони ба пешрафти соҳаи маориф монеагиҳо зиёд буданд. Аз тарсу ҳарос хонандагон ва омӯзгорон дар муассисаҳои олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият карда наметавонистанд. Дар ин давра вазъи ноором барои пешравии соҳаи маориф имкон намедод. Зиддиятҳои дохилӣ ва кашмакашҳо дар баъзе минтақаҳо боиси қатъшавии дарсҳо дар муассисаҳо гардид. Аз тарс хонандагон ва омӯзгорон ба мактаб намеомаданд, иштирок ба дарсҳо хеле суст гардид.
Дар чунин шароити душвор баъди Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор карда шуд ва садҳо мушкилиҳо пешорӯи роҳбарияти нави кишвар омаданд, ки яке аз онҳо соҳаи маориф буд.
Илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти вазъи таълими вобаста мебошад. Аз ин хотир, мусоидат кардан ба ислоҳоти соҳаи маорифу, тандурустӣ, муассисаҳо ва институтҳои Академияи илмҳо, инчунин тарбияи кадрҳои баланд ихтисос, соҳибмаърифат, ба мъёрҳои муосир ҷавобгӯ ва дорои ҷаҳонбинии васеъ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини зиёиён, бахусус, олимону омӯзгорон аст. Имрӯз ба низом ва усулҳои байналмилалии таълим гузаштани макотибҳои олии касбӣ ва дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисон тақозои замон аст.
Дар солҳои аввали истиқлолият ба мустаҳкам намудани меъёрҳои ҳуқуқии таълиму тарбия корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Масъалаи таҳсил дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шудааст. Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки заминаҳои ҳуқуқии таълиму тарбияро мушаххас мекунад. Оид ба зинаҳои таҳсилот низ қонунҳои алоҳида ба тасвиб расиданд, ки ҷанбаи ҳамаи зинаҳои таҳсилотро таҳким мебахшанд.
Инчунин соли 2021, Стратегияи рушди илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки дар самти илму маорифи кишвар азалиятнок мебошад.
Имрӯз соҳаи илму маориф на танҳо ҳамчун бахши иҷтимоӣ, балки ҳамчун неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зеҳнии ҷомеа эътироф мегардад. Пешрафти ҳар як кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дорад ва маҳз сатҳи дониш ва маърифати аҳли ҷомеа пойдории давлату миллатро таъмин менамояд.
Бо шароати ваҳдати миллӣ бо дастури Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табитшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ тадриҷан рушд меёбад ва дар асоси шартномаҳои тарафайн беш аз 35 ҳазор шаҳрванди тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Ҳамасола дар асоси Стипендияи байналмилалии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дурахшандагон» низ аз рӯйи ихтисосҳои ба хоҷагии халқи мамлакат зарурӣ довталабони фаъолу соҳибистеъдод ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.
Таъсиси Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти мусоид барои довталабон ба вуҷуд овард. Дар замони истиқлол имрӯз теъдоди мактабҳои олӣ ба 48 адад расид. Сол то сол таваҷчуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои олии кишвари мо меафзояд.
Бо шарофати ба қабул гардидани созишномаи ваҳдати миллӣ илми тоҷик низ рушд ёфта, ҳамкориҳои илмӣ бо аксар кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, ки муҳаққиқони тоҷик дар асоси шартномаҳои тарафайн баҳри татбиқи натиҷаҳои амалии дастовардҳои илмиашон фиристода мешаванд. Муҳаққиқони варзида аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо мақсади ҳавасмандгардонии олимон ва омӯзгорон унвонҳои фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон», инчунин, ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла, ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Бобоҷон Ғафуров ва Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудаанд.
Таъсиси Комиссияи олии аттестсатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро ба вуҷуд овард, ки теъдоди зиёди пажӯҳишгарон ба таҳқиқ ҷалб карда шуданд ва ба ин васила, тадриҷан илми тоҷик рушд кардаву забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм эътироф гардид. Дастовардҳои илмии кишвар дар замони истиқлол назаррас буда, дар ин самт корҳои илмиву таҳқиқотӣ бо маром идома доранд.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ба имзо расидани созишномаи сулҳ тадбирҳои судманду назаррас дар соҳаи илму маорифи кишвар амалӣ гардид. Ин талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона самараи хубе дода, ҳазорон мутахассисони варзидаи сатҳи байналмилалӣ дар тамоми соҳаҳо тарбия ёфтаанд. Имконият фароҳам омад, ки сол то сол ғамхорӣ ба ин самти муҳим зоҳир карда шавад.
Қайд кардан мумкин аст, ки танҳо соли 2023 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 7 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2001, ки маблағгузории соҳаи мазкур 13 миллион сомониро ташкил медод, 570 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4% ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне, соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Соли 2025 аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 10 миллиарду 909 миллиону 496 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки 6,6%-и ММД ва 21,1%-и қисми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 2 миллиарду 677 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 32,5% зиёд мебошад.
Дар соли 2025 ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 606,9 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 21,9% зиёд), таҳсилоти умумӣ 6 миллиарду 195 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 35,6% зиёд), таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 576,2 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 18,7% зиёд), таҳсилоти олии касбӣ 1 миллиарду 511 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 22,1% зиёд) ва барои дигар хароҷотҳои соҳа бошад, 1 миллиарду 18 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 40% зиёд) маблағ ҷудо гардида буд.
Танҳо дар даҳ соли охир барои амалисозии зиёда аз 3350 лоиҳаи илмиву таҳқиқотӣ беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳи давлат ба рушди илм дарак медиҳад.
Ҳамасола баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф далели бебаҳси таваҷҷуҳ ба ҳаёти иҷтимоии омӯзгор ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд, ки ин дастгириҳо аз устувории ваҳдат ва ягонагии миллӣ шаҳодат медиҳад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) чунин таъкид намуда буданд: «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд». Ин суханони пурҳикмат далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва рушди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа мебошад.
Ҳамин тавр ваҳдати миллӣ омили такондиҳанда дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар нақши калидӣ муассир мегузорад. Маҳс бо шарофати ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳаёти оромии сиёсӣ мо метавонем ба мақсадҳои ниҳоӣ расем.
Пайрав БОБОМУРОДОВ,
Аҳлиддин МИРЗОЗОДА,
Тоҷ
Рус
Eng