Аёдати иштирокчиёни ҶБВ
Санаи 8-уми майи соли 2025 бахшида ба истиқболи 80-солагии Ғалаба ба фашизми гитлерӣ, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт.
Зимни аёдат, ректор ва ҳайати ҳамроҳонаш аз қаҳрамониҳои фарзандони баруманди миллати тоҷик, ки дар ҷанг бо неруи фашистии гитлерӣ ҷангида, шарафмандона Ватани хешро ҳифз намуданд, ёдоварӣ намуда, корнамоиҳои онҳоро намунаи олитарини асолати ватандорӣ унвон намуд.
Бобоҷон Сатторзода ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро дар роҳи ҳифзи Ватан, шарафи миллӣ, намунаи барҷастаи эҳсоси хештаншиносӣ шумориданд.
Зимнан, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд ба таври ҳамешагӣ аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳи он ҷангро ба роҳ монад.
Тоҷ
Рус
Eng