Рӯзи 26-уми майи соли равон вобаста ба мактуби Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №650/3-01(2) аз 04.04.2025, “Дар бораи фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим” миёни кормандону устодони ДДМИТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохурӣ Саидалӣ Ҳаитов, сардори бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва Бойниёз Ниёзов, раиси иттифоқи касабаи ДДМИТ баромад карда, бандҳои дахлдори қонуни мазкурро шарҳу тавзеҳ дода, оиди таъғиротҳо ва иловаҳои воридгардида, муфассал баромад намуданд.

Қобили зикр аст, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ки мақсади он ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот мебошад.

Дар интиҷо, саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия