Дар асоси нақшаи кории раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Ҳаққи устод аз падар беш аст” 2-юми октябри соли равон дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо иштироки сармутахассиси ин раёсат Мавҷуда Давлатова ва донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омор дарси тарбиявӣ доир гардид.

Дар он эдвайзер оид ба тарбияи факултет Исматулло Ҷумаев баромад намуда, дар атрофи мавзуи ҳаққи устод, мақому манзалат, ҷойгоҳ ва фазилатҳои омӯзгор фикру андешаҳои худро баён намуд.

Қайд карда шуд, ки имрӯз дар замоне, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтаанд, масъалаи муносибат ба омӯзгор аҳамияти бештар пайдо кардааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд воситаи паҳн намудани дониш, таҷриба ва фарҳанги муошират бошанд.

Имрӯз пешаи омӯзгорӣ яке аз касбҳои пурмасъулият аст. Омӯзгор танҳо маълумоти дар китоб навишташударо ба хонанда намефаҳмонад. Вазифаи ӯ хеле фарохтар аст: омӯзгор бояд дар қалби шогирд шавқи донишомӯзӣ бедор намояд, ӯро ба андешаи мустақилона, ҷустуҷӯ, таҳлил, эҷодкорӣ ва масъулиятшиносӣ ҳидоят кунад.

Имрӯзҳо вақте омӯзгор ба назди донишҷӯён медарояд, мавзӯъеро мефаҳмонад, савол медиҳад, ҷавоб мешунавад ва баъзан ҳатто худаш аз саволи донишҷӯ чизе меомӯзад. Шояд барои касе ин танҳо як рӯзи одии корӣ бошад, аммо дар зиндагии як донишҷӯ метавонад ҳамин як дарс сабаби тағйири фикр, интихоби касб ё пайдо шудани ҳадафи нав гардад.

Дар фарҷоми дарси тарбиявӣ аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки омӯзгоронро ҳурмату эҳтиром намуда, аз дониш ва таҷрибаи эшон барои ояндаи худ сабақ омӯзанд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА