ДОНИШҶӮИ ДДМИТ РАСУЛ ДӮСТОВ ҶОЙИ СЕЮМРО ГИРИФТ
Ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи варзишии самбо байни ҷавонони соли таваллудашон 2009-2011 баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯи курси якуми факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ Расул Дӯстов иштирок намуда, дар вазни 59 кило сазовори ҷойи сеюм гардид. Ӯ аз тарафи сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Б. Исматзода бо медал ва ифтихорномаи мусобиқа сарфароз гардонида шуд.
Боиси хурсандист, ки донишҷӯи ғолиб бо ин дастовардаш номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро баланд бардошта, барои иштирок дар мусобиқаҳои минбаъдаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ роҳхат гирифт.
Бояд қайд намоем, ки чанде пеш ин донишҷӯ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо байни наврасон ба хотири гиромидошти устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Абдуллоев иштирок карда, дар вазни 58 кило сазовори ҷойи сеюм гардид ва бо диплом ҳамчунин ҷом сарфароз шуд.
Имрӯзҳо Расул Дӯстов яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, зери роҳбарии мураббиён Акрам Содиров ва Хушқадам Хусрав тамрин менамояд.
Мо ин варзишгари муваффақ Расул Дӯстовро бо пирӯзии навбатиаш табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng