Тибқи нақшаи тартибдодашуда, 1-уми октябри соли ҷорӣ 50 нафар донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010402 - кори бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарпарасти гурӯҳ Сорбон Шарбатов аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Ҳадафи асосии боздид баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, шинос намудани донишҷӯён бо имконияту захираҳои Китобхонаи миллӣ ва ҷалби онҳо ба мутолиаи китобу адабиёти илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ гардид.

Тавре ассистенти кафедраи мазкур Сорбон Шарбатов иттилоъ дод, бе китоб илму маърифат ҳосил нахоҳад шуд. Бе илму адаб мансабу давлат арзише надорад. Табиати инсон ба дороии маънавӣ ниёз дорад ва китоб яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои маънавии инсон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар оилаи бофарҳанг бояд китобхонаи худро дошта бошад. Дар он бояд китобҳои дарсӣ ва таълимӣ, асарҳои классикони миллӣ ва ҷаҳонӣ, адабиёти бадеӣ, маълумотномаҳо ва луғатҳои марбут ба ихтисоси аъзои оила гирд оварда шаванд.

Зимни боздид донишҷӯён бо таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, толорҳои хониш, захираҳои китобӣ ва дигар имкониятҳои китобхона шинос шуданд. Ҳамчунин, ба онҳо оид ба тарзи истифодаи китобхона, дарёфт ва интихоби адабиёти зарурӣ, инчунин истифодаи захираҳои иттилоотӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Донишҷӯён ба китобу адабиёти гуногун таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо имкониятҳои фароҳамовардаи Китобхонаи миллӣ барои баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии худ шинос шуданд ва ба узвияти китобхона пазируфта гардиданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА