Бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова дар бораи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар ДДМИТ изҳори андеша намуд. Ба андешаи номбурда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсат масъалаи дастгирии ҷавононро қарор додаанд. Дар донишгоҳ низ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то донишҷӯён дар таҳсил пешсаф, дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар низ фаъолона иштирок кунанд.

- Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон созмоне мебошад, ки мактаби бузург ва пурифтихори тарбияи насли наврасу ҷавон ба ҳисоб меравад. Чорабинии мазкур низ бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, шарҳи сиёсати давлатии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба фаъолияти ин созмони бонуфуз роҳандозӣ гардид, - гуфт баромадкунанда.

Дар идомаи вохӯрӣ меҳмонон суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои муҳими замони муосир ҷалб намуданд. Аз ҷумла, Саидшоҳ Исматзода, намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон оид ба таърих ва роҳи пуршарафи 35-солаи Иттифоқи ҷавонон, Шаҳбози Неъматулло, муовини раиси ИҶТ дар шаҳри Душанбе дар бораи саҳми беназири сокинони пойтахт дар амалисозии ташаббусҳои ҷавонон ва фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ ва Беназир Шарифзода, намояндаи ин иттифоқ оид ба кор бо муассисаҳои олӣ аҳамияти ҳамкориҳои зич бо донишгоҳҳо ва тарбияи илмию маърифатии донишҷӯёнро шарҳ доданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи тарбия ва баланд бардоштани маърифати ахлоқии насли наврасу ҷавон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳамчун воситаи омӯзишу рушд ва ҳамзамон, ҳамчун манбаи хатарҳои фарҳангӣ хизмат кунанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳушёр бошанд ва фарқи байни неку бад ва ғаразҳои пинҳониро хуб дарк кунанд.

Иштирокдорон якдилона қайд карданд, ки сулҳу ваҳдати имрӯзаи Тоҷикистон бо арзишҳои олӣ ба даст омадааст ва пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи дурусти расидан ба ояндаи дурахшон аст.

Қайд карда шуд, ки давоми 35 соли фаъолият Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тавонист садҳо ҳазор ҷавони фаъолро ба ҳам оварда, дар корҳои созандагию ободонии кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ ва таҳкими истиқлолият саҳми арзанда гузорад.

Дар фарҷоми чорабинии бошукӯҳ ба хотири қадршиносии заҳмат ва фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ аз ҷониби Кумитаи Иттифоқи ҷавонон дар шаҳри Душанбе ба Шаҳноза Ғафорова - муовини ректор оид ба тарбия, Ҷалолиддин Мирзоев - сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ҷамахон Ҷангиев - муаллими кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, Шукрулло Зокирзода ва Беҳрӯз Насриддинов, донишҷӯёни курси 4 Ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ