ҶАЛАСАИ КУРАТОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ, риояи интизоми таълимӣ ва тақвияти масъулияти донишҷӯён ҷаласаи кураторӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа мутахассиси раёсати ташкиливу тарбиявӣ Исматулло Ҷумъаев куратори гурӯҳ ва донишҷӯён иштирок намуда, масъалаҳои муҳими раванди таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои риояи қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, иштироки фаъолона дар дарсҳо, азхудкунии барномаҳои таълимӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва одоби муошират муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ, истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятии факултет таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба донишҷӯён дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки ҳар як донишҷӯ бояд дар таълим, тарбия ва ташаккули шахсияти худ масъулияти баланд дошта бошад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng