25-уми ноябри соли 2026 дар кафедраи иқтисодиёти сабз ва захираҳои табиии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Зеҳни сабз» дар мавзуи «Роҳҳои самараноки истифодабарии захираҳои табиӣ дар шароити иқтисодиёти муосир» доир гардид.

Дар кори маҳфил муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Давлатҷон Ҳукуматов ва аъзои маҳфил иштирок намуданд. Маҳфилро раиси он Ф. Раҳимов роҳбарӣ намуд.

Зимни баргузории маҳфил масъалаҳои мубрами истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ дар шароити иқтисодиёти муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, аҳамияти ҳифзи муҳити зист, истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ ва татбиқи принсипҳои иқтисодиёти сабз муҳокима гардида, байни иштирокчиён мубодилаи афкор ва баҳсу мунозираи илмӣ сурат гирифт.

Дар қисмати асосии маҳфил донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010409 - молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ Абдураҳмон Воҳидов ва Амин Сайдализода дар мавзуи «Роҳҳои самараноки истифодабарии захираҳои табиӣ дар шароити иқтисодиёти муосир» бо маърузаи илмӣ баромад намуданд.

Дар фарҷоми маҳфил иштирокчиён доир ба мавзуи баррасишуда андешаҳои худро баён намуда, масъалаҳои муҳимми самаранок истифода бурдани захираҳои табииро муҳокима карданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ дар баланд бардоштани маърифати экологӣ, рушди тафаккури илмӣ ва ташаккули малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯён нақши муҳим дорад.

Дар натиҷа, донишҷӯён донишҳои назариявии худро такмил дода, ҷиҳати идомаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омӯзиши масъалаҳои иқтисодиёти сабз пешниҳоду андешаҳои мушаххас манзур намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия