26 ноябри соли равон дар доираи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии ҷавонон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳумо Бонк» бо донишҷӯёни курсҳои якум ва чоруми факултет дар мавзуи «Саводнокии молиявӣ» доир гардид.

Дар вохӯрӣ мудири Маркази хизматрасонии бонкии корпоративии «Ҳумо Бонк» Сангинмурод Луғмонов, мутахассиси калони бонкӣ Дилноза Мадализода ва мутахассиси хурди бонкӣ Меҳрангез Абдураҳмонова иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултети молия ва қарз Абдукарим Муминзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар тақвияти донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, шиносоии онҳо бо таҷрибаи фаъолияти бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, мавсуф ба аҳаммияти такмили донишҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ таъкид намуд.

Сипас, Сангинмурод Луғмонов зимни баромади худ иброз дошт, ки баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон ва донишҷӯён, яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи мавсуф, саводнокии молиявӣ маҷмуи донишҳои асосӣ дар соҳаҳои молия, фаъолияти бонкӣ, суғурта ва идоракунии буҷети шахсиро дар бар гирифта, ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки маҳсулоту хизматрасониҳои молиявиро дуруст интихоб намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳад, хавфҳои эҳтимолиро арзёбӣ кунад, пасандозҳои худро самаранок идора намояд ва амалиёти молиявии шубҳаноку қаллобиро сари вақт муайян созад.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ оид ба аҳаммияти банақшагирии буҷети шахсӣ, фарҳанги пасандозгузорӣ, истифодаи дурусти хизматрасониҳои бонкӣ ва зарурати эҳтиёткорӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти молиявӣ маълумоти муфид пешниҳод гардид.

Дар идомаи чорабинӣ миёни донишҷӯён ва мутахассисони бонк мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА