ҲАМОИШИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР МАВЗУЪҲОИ МУҲИМ
Рӯзи 26-уми феврали соли равон миёни донишҷӯдухтарони факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамоиш дар мавзуъҳои баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, “Либосҳои миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа» ва «Пешгирии амалҳои коррупсионӣ» вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст, Маҳбуба Ғаффорова, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ иброз намуд, ки “вақтҳои охир тарзи либоспӯшии баъзе донишҷӯдухтарон боиси нигаронӣ гардидааст. Дар баъзе маврид, онҳо ба маданияти либоспӯшии кишварҳои ғарбӣ тақлид карда, либосҳои дур аз фарҳанги моро ба бар менамоянд”.
- Дар ҳақиқат, таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб меёфт. Бо тарзи пӯшидани либос сатҳи фарҳанг ва донишу биниши шахсро метавон муайян кард. Дар баробари пос доштани фарҳанги миллӣ, либоси миллиро низ бояд қадр намоем, унсур ва арзишҳои миллиро аз даст надиҳем, - гуфт баромадкунанда.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин мавзуъҳои пешгирии терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо, инчунин муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд ва монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди босуботи давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир миёни иштирокчиён ва маърузачӣ саволу ҷавоб доир гардида, донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng