РУШДИ ОДОБИ СУХАНРОНИИ ДОНИШҶӮЁН
Тибқи нақшаи тасдиқгардида, санаи 24-уми феврали соли 2026 маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи забони русӣ таҳти унвони “Методҳои фароҳам сохтани муҳити муносиби берун аз дарс барои рушди одоби суханронии донишҷӯён” доир гардид.
Дар маҳфил мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Рухшона Нурмаҳмадова, мудири кафедра, дотсент Гулшан Наврӯзова, устодон ва донишҷӯёни факултетҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар кори маҳфил донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарз ихтисоси 1-25010402 С. Собиров, таҳти роҳбарии Ф. Сафаров ва 1-25010402 Г. Азимова таҳти роҳбарии С. Ҳасанова бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Дар фарҷоми маҳфили илмӣ мудири кафедраи забони русӣ Г. Наврӯзова қайд намуд, ки фароҳам сохтани муҳити муносиби берун аз дарс барои рушди одоби суханронии донишҷӯён яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти фарҳангӣ ва касбии онҳо ба шумор меравад. Зеро маҳз дар чунин муҳит донишҷӯён имкон пайдо мекунанд, ки донишу малакаҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, қобилияти муоширати дуруст, андешаронии мантиқӣ ва баён намудани фикри худро ба таври равшан ва асоснок сайқал диҳанд.
Инчунин, таъкид карда шуд, ки ташкили мунтазами маҳфилҳои илмӣ, семинарҳо, суҳбатҳои озод, вохӯриҳои адабӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ метавонад ба баланд бардоштани сатҳи одоби сухан, эҳтироми ҳамсуҳбат, риояи меъёрҳои забонӣ ва рушди фарҳанги муошират мусоидат намояд. Ҳамзамон, нақши устодон дар роҳнамоӣ ва фароҳам овардани фазои солими муколама хеле муҳим арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки густариши чунин ташаббусҳо дар доираи кафедра ва факултетҳо барои тарбияи мутахассисони соҳибфарҳанг, боодоб ва дорои ҷаҳонбинии васеъ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар анҷом пешниҳод шуд, ки баргузории маҳфилҳои илмӣ дар ин самт ба таври мунтазам идома ёфта, доираи мавзуъҳо ва шумораи иштирокчиён боз ҳам васеъ карда шавад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng