Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, инчунин, ҷилавгирӣ аз даст задан ба амалҳои коррупсионӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии тарбиявӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Ф. Убайдуллоев, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон С. Шарипов, эдвайзер оид ба тарбия М. Изатуллоев ва устодони факултет иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Ф. Убайдуллоев зимни баромад таъкид намуд, ки гурӯҳҳои ифротию террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар василаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро ба ақидаҳои ғаразнок ҷалб созанд. Баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии ҷавонон омили муҳими муқовимат ба чунин таҳдидҳо мебошад.

Сипас, М. Изатуллоев вобаста ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ тавзеҳоти муфассал пешниҳод намуд. Мавсуф зикр кард, ки яке аз роҳҳои асосии ҷалби ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо паст будани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таъсири таблиғоти ғаразнок тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва камтаваҷҷуҳӣ ба тарбияи маънавию ахлоқӣ мебошад.

Қайд гардид, ки баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун омили муассири пешгирӣ хизмат намояд.

Дар охир аз донишҷӯён ҳушёриву зиракӣ, истифодаи оқилонаи технологияҳои иттилоотӣ ва канорагирӣ аз ҳар гуна равияҳои ифротӣ даъват ба амал оварда шуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия