Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 26 феврали соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуъҳои муҳими рӯз доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, инчунин муовини ректор оид ба тарбияи ДДМИТ Шаҳноза Ғаффорова, декани факултет Наврӯз Умарзода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷаъмахон Ҷангиев ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоишро Шаҳноза Ғаффорова ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷавонон бо таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ мегарданд. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарварӣ, эҳтиром ба қонун, илмомӯзӣ ва арзишҳои умумибашарӣ омили асосии рушди устувори давлат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, таҳкими сулҳу субот ва амнияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Орзу Ҷумазода низ дар бораи мубориза ба зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон, алалхусус донишҷӯён аз кирдорҳои ношоямро вазифаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар арзёбӣ карда, афзуд, ки: “мо - кормадони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо шаҳрвандони кишвар барои нобудсозии ин вабои аср кӯшиш мекунем”.

Номбурда таъкид намуд, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарварӣ, эҳтиром ба қонун, илмомӯзӣ ва арзишҳои умумибашарӣ омили асосии рушди устувори давлат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, таҳкими сулҳу субот ва амнияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултет профессор Ҷамрод Бобозода изҳор дошт, ки муқовимат бо экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки рисолати ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар бояд бо донишу маърифат, ҳисси баланди худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҳифзи суботу амнияти миллӣ саҳмгузор бошанд.

Тағоймурод ЭШЗОДА