Тибқи нақшаи кории раёсати илм ва инноватсия, рӯзи 27-уми феврал маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи фаъолияти бонкӣ таҳти унвони «Қонундон» бо мавзуи «Мониторинги молиявӣ ва моҳияти он» бахшида шуда буд. Роҳбарии илмии маҳфилро муаллими калон Азима Раҳимова, инчунин, роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён Сорбон Шарбатов ба уҳда доштанд.

Маҳфилро омӯзгори кафедра Исматулло Аҳадов ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо моҳияти мавзуи баррасишаванда ошно кард ва аз ҳозирин даъват намуд, ки дар баҳсу муҳокимаҳо фаъолона ширкат варзанд.

Сипас сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки ҳадафи асосии чунин маҳфилҳо тарбия ва рушди истеъдодҳои нав дар соҳаи молия ва иқтисод мебошад. Ӯ зикр кард, ки баргузории маҳфилҳои илмӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, то малакаи таҳлилӣ, суханварӣ ва тафаккури илмии худро сайқал диҳанд.

Баъдан, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-25010402 Муҳаббат Муҳаббатзода ва Шоира Раҳматова бо истифода аз слайдҳо баромад карданд. Таъкид гардид, ки истилоҳи «мониторинг» аз забони англисӣ гирифта шуда, маънои мушоҳидаи мунтазам ва назорати равандҳоро барои муайян кардани мувофиқати он ба натиҷаи интизорӣ дорад. Мутобиқи тавсифи Созмони байналмилалии стандартизатсия, мониторинг ташхиси мунтазам, санҷиш ва муайянсозии тағйирот дар сатҳи зарурии иҷроишро дар бар мегирад.

Онҳо шарҳ доданд, ки мониторинги молиявӣ маҷмуи чорабиниҳоест барои пешгирӣ ва ошкор намудани расмикунонии (қонунгардонии) даромадҳои ҷиноятӣ, ҷилавгирӣ аз маблағгузории терроризм, манъ кардани маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки ин амалҳо аз ҷониби субъектҳои ҳисобдиҳанда ва мақомотҳои ваколатдор анҷом дода мешаванд.

Дар бахши саволу ҷавоб устодони кафедра ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, атрофи масъалаҳои марбут ба мониторинги молиявӣ андешаҳои худро баён карданд.

Тағоймурод ЭШЗОДА