Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявӣ ва раёсати маъмурию хоҷагидории донишгоҳ, рӯзи 27-уми феврал ҳамоиши сиёсиву тарбиявӣ таҳти унвони «Пешгирии нашъамандӣ ва одамрабоӣ» бо иштироки намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин вохӯрӣ устодон ва донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омор ҳузур доштанд.

Дар оғоз декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов таъкид намуд, ки дар баробари хатари нашъамандӣ, масъалаи одамрабоӣ низ яке аз ҷиноятҳои ниҳоят хатарнок мебошад, ки ҳуқуқҳои асосии инсонро поймол мекунад, ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ таҳдид менамояд ва суботи амниятии ҷомеаро халалдор месозад.

Ёрибек Тилабов дар идома иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳони муосир, бо афзоиши ҷинояткории фаромиллӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, савдои инсон ва гурӯҳҳои созмонёфта, хатари содиршавии одамрабоӣ низ мураккаб гардидааст. Барои кишварҳое чун Тоҷикистон тақвияти механизмҳои мубориза бо ин зуҳурот аҳамияти хос дорад.

Дар ҳамоиш мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии наркалогӣ» Баракатулло Ниёзов, Мансур Воҳидов, Робия Раҳмонова, Нигина Камолова ва Дилрабо Ҷалолова иштирок намуда, атрофи мавзуъҳои нашъамандӣ ва одамрабоӣ суханронӣ карданд.

Гуфта шуд, ки нашъамандӣ қобилияти фикрро коҳиш дода, рӯҳия ва ҷисми инсонро нобуд месозад. Ин мушкилот танҳо дарди як шахс нест, фоҷиаи оила, ҷомеа ва тамоми миллат аст. Зиёд истифода бурдани маводи нашъадор ба заъфи маънавию равонӣ оварда, бисёре аз гирифторонро ба бемориҳои вазнин, аз ҷумла ВНМО/СПИД рӯ ба рӯ мекунад.

Баромадкунандагон ҳамзамон дар бораи тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил, тарбияи фарҳанги солими ҷавонон маълумот дода, ба донишҷӯён маслиҳатҳои судманд ироа намуданд.

Ҳамшираи тиббии донишгоҳ Меҳрона Ҳакимова таъкид кард, ки донишҷӯён ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеа дар мубориза бо нашъамандӣ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба рафторҳои номатлуб саҳми худро мегузоранд. Номбурда аз донишҷӯён даъват намуд, ки ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандиро тақвият бахшанд.

Дар анҷом баромадкунандагон оид ба одобу ахлоқи ҷавонон, нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа, дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат ва баланд бардоштани масъулиятдории насли нав фикру андешаҳои худро баён карданд.

Тағоймурод ЭШЗОДА