Санаи 27-уми феврал дар кафедраи назарияи иқтисод маҳфили илмии донишҷӯён “Иқтисодиёти сабз” таҳти унвони «Иқтисодиёти сабз ва гузариш ба энергетикаи барқароршаванда ҳамчун омили асосии рушди устувор» доир гардид. Раиси маҳфили илмии донишҷӯён Д. Балхов ҳадафи асосии маҳфилро таҳлили назариявию амалӣ ва тавзеҳи нақши иқтисодиёти сабз дар шароити ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии иқлим ва зарурати истифодаи самараноки захираҳои табиӣ арзёбӣ кард.

Донишҷӯи курси якуми ихтисоси иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Фотима Сафарова дар мавзуи «Иқтисодиёти сабз ва нақши он дар пешрафти иқтисоди миллӣ» баромад карда, мафҳум ва принсипҳои асосии иқтисодиёти сабз, аз ҷумла самаранокии истифодаи захираҳо, коҳиши партовҳои карбон, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устуворро шарҳ дод. Ҳамчунин, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти татбиқи сиёсати иқтисоди сабз баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки ин раванд на танҳо ҳифзи табиат, балки ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди технологияҳои инноватсиониро низ таъмин менамояд. Маърузачӣ аҳамияти ҳамгироии сиёсати экологӣ бо рушди иқтисоди миллӣ ва зарурати татбиқи он дар кишварро махсус қайд намуд.

Инчунин, донишҷӯи курси якуми ихтисоси кори бонкии факултети молия ва қарз Фирдавс Собиров зимни маъруза дар мавзуи «Иқтисодиёти сабз ва вомбаргҳои сабз» моҳияти вомбаргҳои сабзро ҳамчун воситаи асосии ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои экологӣ тавзеҳ дод. Нақши бозорҳои молиявӣ дар маблағгузории энергетикаи барқароршаванда, инфрасохтори экологӣ ва технологияҳои камкарбон мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки рушди бозори вомбаргҳои сабз метавонад манбаи муҳими сармоя барои кишварҳои рӯ ба рушд гардад ва шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва назорати мақсадноки истифодаи маблағҳо шарти асосии самаранокии он мебошад.

Донишҷӯи курси якуми ихтисоси андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ Ҷамшед Мирзоев бошад, дар мавзуи «Иқтисодиёти сабз ва шаҳри ҳушманд» робитаи иқтисодиёти сабз бо консепсияи «шаҳри ҳушманд»-ро баррасӣ кард.

Мавзуъҳо оид ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, идоракунии оқилонаи захираҳо, нақлиёти экологӣ, инфрасохтори каммасраф ва аҳамияти энергетикаи сабз ба сифати зиндагии аҳолӣ матраҳ гардиданд. Ҳамчунин, нақши имтиёзҳои молиявӣ ва сиёсати андозӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои «сабз» мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар бахши мубоҳисаҳо таъкид гардид, ки бо назардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвар, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ метавон пояҳои рушди устувор ва дарозмуддатро таҳким бахшид.

Аз натиҷаи маҳфил чунин хулоса карда шуд, ки гузариш ба иқтисодиёти сабз ва энергетикаи барқароршаванда яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, такмили сиёсати молиявию андозӣ, ҷалби сармояи «сабз» ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия