ВУСЪАТИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ
Санаи 28-уми феврали соли равон бо иштироки бевоситаи ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода ва роҳбарони сохторҳо бо мақсади ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр, ҳифз намудани табиати зебо, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф дар минтақаи доманакӯҳҳои атрофи маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд. Дар рафти гузаронидани ин чорабинӣ 650 ниҳоли мевадиҳанда, аз ҷумла олу, олуболу ва бодом шинонида шуданд. Ҳамчунин, бехи дарахтони токи ангур нарм карда шуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю гирду атрофи шаҳр як гурӯҳ донишҷӯёни ДДМИТ дар атрофи пойтахт дар тозаву озода намудани соҳилу роҳравҳо саҳм гузоштанд.
Бино ба иттилои Диловар Муродов, муовини ректор оид ба масъалаҳои маъмурию хоҷагидорӣ ҳадаф аз маъракаи ободонӣ ин сабзу хуррамгардонӣ, ниҳолшинонӣ ва дар таъмини муҳити тозаи экологӣ миёни аҳли ҷомеа саҳм гузоштан аст.
Гузаронидани чунин ободкориҳо симои шаҳри Душанберо зебою дилкаш намуда, барои фаъолияти пурсамар дилгарм мекунад ва дар ниҳоди ҷавонон ҳисси зебоипарастиро бедор месозад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад.
Дар сояи сабзи давлат аст сояи бахт,
Бе сояи давлатат куҷо ёбӣ бахт?
То сояи меҳри мулк шавад рӯзафзун,
Бояд, ки ба меҳри дил шинонем дарахт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng