Санаи 27-уми феврали соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, пешгирӣ ва рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда вохӯрии мудири кафедраи навтаъсиси ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи донишгоҳ Субҳоналӣ Мирзоев ва мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ Наҷибуллои Сайвалӣ бо омӯзгорону кормандон, мудирони кафедраҳо, гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯён доир гардид.

Нахуст, эдвайзер оид ба тарбияи факултет Исматулло Ҷумаев иброз намуд, ки ба ҳолатҳои коррупсионӣ гирифтор шудани шаҳрвандони кишвар дар паст будани маърифати ҳуқуқии он мебошад. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани соли 2024-ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла баҳри пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Ин иқдом аллакай хусусияти байналмилалиро касб намуда, бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи ҷаҳон эътироф гардидааст.

Декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов дар идома қайд намуд, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Махсусан, коррупсия дар соҳаҳои гуногун эътимоди мардумро коста мегардонад. Баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмуи воситаву усулҳои муосир фаъолият ва корбарӣ намоянд.

Сипас, дотсент Субҳоналӣ Мирзоев дар бораи татбиқи амалии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва қонунгузорӣ дар ин самт суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҳамаи ин заминаҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон барои озодона фаъолият намудан шароити арзандаи зиндагӣ шароит фароҳам оварда, ба мақомоти давлатӣ барои пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия такони ҷиддӣ бахшид.

Бояд гуфт, ки заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида ва салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои офарандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки пайваста ҷиҳати иҷрои 13 банди “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз тарафи шахсони масъул дар ДДМИТ миёни кормандон, устодон ва донишҷӯён суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад.

Тағоймурод ЭШЗОДА