Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, рӯзи 26-уми феврали соли равон дар китобхонаи илмӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дарси тарбиявии намунавӣ таҳти унвони “Моҳият ва зарурати ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” доир гардид. Ҳадафи асосии дарс аз ҳифзи пиряхҳо барои таъмини обҳои ошомиданӣ ва нигоҳдории мувозинати экологӣ иборат мебошад.

Дарсро ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия, сарпарасти гурӯҳ Шукрона Лоиқова ифтитоҳ намуда, дар бораи мақсади омӯзиш ва баҳодиҳии ҳолати имрӯзаи пиряхҳо суханронӣ кард. Таъкид кард, ки пиряхҳо захираи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд, ки обшавии босуръати онҳо ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодии мамлакат таъсири худро мерасонад.

Дар ҷараёни дарс зикр гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи обу иқлим ва пиряхҳо, ки ниёзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд, нақши муассир ва ҳалкунанда мебозанд.

Ҳангоми муҳокимаҳо аз ҷониби донишҷӯён таъкид шуд, ки кам кардани газҳои партовӣ ба атмосфера, инчунин, ба тарзу усулҳои замонавӣ ба роҳ мондани истеҳсолот то андозае метавонем дар паст кардани сатҳи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ҳиссагузор бошем. Ҷавонон ба он даъват шуданд, ки обро сарфакорона масраф намуда, барои беҳтар кардани ҳолати иқлими кунунии мамлакат чорандешӣ намоянд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия