БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Як гурӯҳи донишҷӯёни курси якуми факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ бо роҳбарии ассистенти кафедраи иқтисоди корхона Абутолиб Акобирзода бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва шиносоӣ бо таъриху тамаддуни ғании халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар ҷараёни сафар донишҷӯён бо бахшҳои гуногуни осорхона, аз таърихи бостонӣ то давраҳои муосир шинос гардида, намунаҳои нодири пайдоишҳои археологӣ, асбобҳои рӯзгор, санъати кӯлолгарӣ, тангаҳои қадима, рассомӣ ва ҳунарҳои мардумиро аз наздик тамошо карданд.
Ҳамчунин, ба донишҷӯён оид ба давлатҳои қадима, маъхазҳои фарҳангии минтақа ва саҳми ниёгони тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод гардид.
Донишҷӯён аз дидани толорҳо ва экспонатҳои таърихӣ ба худ ҷаҳони маънавӣ бардошта, изҳор карданд, ки баргузор намудани чунин сафарҳои маърифатӣ барои густариши ҷаҳонбинии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангии миллат аҳамияти хосса дорад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng