Маҳфили илмии донишгоҳии “Дурахши илм”, ки санаи 2 марти соли равон бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ баргузор гардид, ин навбат паҳлуҳои мухталифи мавзуи иқтисоди инноватсиониро фарогир буд.

Дар расми ифтитоҳи маҳфил муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов мужда расонд, ки ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Донишгоњи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории 5 озмунро барои донишҷӯёну магистрантон ба нақша гирифтааст, ки  “Беҳтарин табрикоту таманниёт дар васфи донишгоҳ (шеъру тарона, эссе, мақола, нақшу сӯзаниҳо дар плакат ва матоъҳо, аксҳо ва наворҳои тасвирӣ)”, “Беҳтарин мақолаи вокунишӣ ва таблиғотӣ” ва викторинаи “Иқтисоддони беҳтарин” аз зумраи ин ташаббусҳо ба шумор мераванд ва ширкати фаъолонаи муҳассилини муассисаи таълимӣ боиси пурҷозибатар гардидани ин чорабиниҳо ва инчунин, сайқал ёфтани зеҳну муаррифии бештар гардидани худи донишҷӯёну магистрантон дар фазои илму дониш мегарданд.

Тавре дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсия бори дигар ёдрас кард, дар баробари он ки марҳила ба марҳила аз маҳфил то маҳфил сафи хоҳишмандони иштирок дар “Дурахши илм” рӯ ба афзоиш дорад, инчунин, маълум мегардад, ки сатҳ, нуфуз ва ҷойгоҳи он фаротар меравад. Дар ин росто Муқимов Қ. М. мужда расонд, ки аллакай се донишгоҳи хориҷӣ аз Русия, Қазоқистон ва Белорус дархости узвият ба маҳфили мазкурро пешниҳод кардаанд, ки минбаъд дар маҳфилҳои “Дурахши илм” ба таври онлайнӣ ширкат варзида, ба ин васила табодули андеша ва таҷриба менамоянд.

Сипас, ҳозирин презентатсияи донишҷӯёни соли чоруми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Саидмухтор Абдусаломзода дар мавзуи “Менеҷменти инноватсионӣ - нерӯи пешбарандаи иқтисодиёти рақамӣ”, Беҳрӯз Қурбонов дар мавзуи “Менеҷменти инноватсионӣ дар шароити тағйирёбии рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳои рушд”, ҳамчунин, магистранти соли аввали ихтисоси 1-26020200 -и факултети мазкур Ҷиёнхони Ашуралиро дар мавзуи “Иқтисоди рақамӣ дар муҳити нави тиҷорат ва имкониятҳои он” шуниданд.

Аз ҷониби муаррифгарони мавзуъ таъкид карда шуд, ки мавзуи пешниҳодкардаи онҳо ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025-2030) бахшида шуда, ҳадафи он таҳкими заминаҳои назариявию амалии менеҷменти инноватсионӣ дар шароити иқтисодиёти муосир ва густариш ва табодули андеша миёни донишандӯзон дар самтҳои рақамикунонӣ ва инноватсия мебошад. Зеро дар шароити кунунӣ гузаштани тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимoию иқтиcoдии ҷумҳурӣ ба иқтисоди рақамӣ ва технoлoгияҳoи муocири иттилooтию кoммуникатcиoнӣ саривақтӣ буда, пешгирикунандаи омилҳои коррупсионӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки давоми чанд соли охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта моро водор месозад, ки бо рушди технологияи рақамӣ ва инноватсия тавонем дар беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм гузорем.

Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки бояд дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад, ки ҳадафи ниҳоии он ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҳосилнокӣ ва шиддатнокии меҳнат ва ба даст овардани даромаду фоидаи баланд нигаронида мешавад.

Дар тақвияти суханони маърӯзачиён муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Носирзода Ҳусейни Саъдулло иброз дошт, ки менеҷмент ин шакли идораи нав буда, навоварии дар амал татбиқгардидаест, ки афзоиши сифату рушди самаранокии истеҳсолот ё маҳсулоти бозорталабро таъмин мекунад. Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти ӯ мебошад. Дар умум бошад, ҳадафи ниҳоии менеҷмент тавлиди неъмат ва адои хизмат, яъне қонеъ гардондани талаботи мизоҷон ва талаботи иҷтимоӣ бо воситаи бозор мебошад.

Ҳамзамон Носирзода Ҳусейн андешаҳояшро дар мавриди инноватсия, ки натиҷаи илм дар амалия аст, баён дошта, афзуд, ки инноватсия навоварии дар амал татбиқгардидаест, ки афзоиши сифату рушди самаранокии истеҳсолот ё маҳсулоти бозорталабро таъмин мекунад. Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти вай ба шумор меравад. 

Дар бахши пурсишу посух ва мубоҳисаву музокираҳо донишҷӯёну омӯзгорон баҳсҳои асосноку заминавӣ ва созандаву ошкор ороста, маҳфилро гарму дилнишин сохтанд.

Дар умум бошад, бо изҳори бовариву умед хулоса бароварда шуд, ки “Дурахши илм” як навъ тақвиятдиҳандаи маҳфилҳои илмиву маърифатии назди кафедраву факултетҳои муассисаи таълимӣ хоҳад буд, ки бо супориши ректор аз тамоми маҳфилҳои донишҷӯёни назди кафедраҳо донишҷӯёни фаъол, онҳое, ки имкону нерӯи дар оянда дар озмунҳо, маҳфилҳо, чорабиниҳои илмӣ, семинару форумҳои донишҷӯён иштирок карданро соҳиб буда, нуфузи донишгоҳро дар дилхоҳ чорабиниҳои илмӣ баланд бардошта метавонанд, гирдоварӣ гардидаанд. Бинобар ҳамин, метавон итминон ҳосил кард, ки маҳфили “Дурахши илм” маҳз ҷиҳати ташаккули тафаккури зеҳнии донишҷӯён ташкил ёфтааст ва ҳадафаш низ пайдо намудани чеҳраҳои нави илмӣ ва дар умум пурқувват намудани базаи илмиву зеҳнии донишгоҳ мебошад, ки бешакк, ба ин мақсади пешгузоштаи худ расида истодааст.

Қарор шуд, ки маҳфили ояндаи “Дурахши илм” санаи 2 март баргузор хоҳад гашт.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ