ШИНОСОӢ БО ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
Санаи 2 марти соли 2026 донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Чорабинии мазкур тибқи нақшаи корҳои тарбиявии факултет ва дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Дар рафти боздид донишҷӯён бо толорҳои таърихӣ, бахшҳои мероси фарҳангӣ, дастовардҳои давраҳои гуногуни ташаккули давлатдорӣ ва намунаҳои нодири тамаддуни тоҷикон аз наздик шинос шуданд. Роҳбаладони осорхона ба донишҷӯён оид ба таърихи бостон, марҳилаҳои рушди давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Донишҷӯёнро дар ин чорабинӣ мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Садриддин Шарипов ва эдвайзер оид ба тарбия Муҳаммадсаид Изатуллоев ҳамроҳӣ намуданд. Онҳо зимни боздид ба донишҷӯён тавсия доданд, ки омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии муосир ва рушди тафаккури иқтисодии байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Боздиди мазкур ба баланд гардидани сатҳи маърифат, таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва густариши ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат намуд.
Тоҷ
Рус
Eng