САФАРИ МАЪРИФАТИИ ДОНИШҶӮЁН БА ОСОРХОНА
Рӯзи 28 уми феврали соли равон бо ибтикори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ бо сарпарасти гурӯҳ ассистент Мирзоев Ҳокимҷон Ҳалимович ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон сафари омӯзишӣ анҷом доданд. Ҳадафи асосии ин ташаббус ғанӣ гардонидани дониши таърихию фарҳангӣ, тақвияти ҳисси худшиносӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ миёни ҷавонон арзёбӣ мегардад.
Зимни боздид иштирокчиён бо ганҷинаҳои нодири таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва намунаҳои арзишманди ҳунару тамаддуни ниёгон шинос шуданд. Толорҳои намоишӣ, ки марҳилаҳои гуногуни ташаккули давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷиконро инъикос мекунанд, диққати донишҷӯёнро ба худ ҷалб намуданд. Роҳбаладон бо пешниҳоди шарҳу тавзеҳоти ҷолиб фазои омӯзиширо ғанӣ гардонида, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои муфассал доданд.
Ба андешаи масъулон, чунин сафарҳои маърифатӣ дар баробари таҳсилоти касбӣ, дар ташаккули шахсияти комил, рушди тафаккури таҳлилӣ ва болоравии масъулиятшиносии иҷтимоии донишҷӯён нақши муассир мегузоранд.
Дар фарҷом донишҷӯён аз ташкили ин иқдоми фарҳангӣ истиқбол намуда, таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои густариши донишу ҷаҳонбинӣ ва пайвастани назария бо маърифати таърихӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng