ДАЛЕРӢ КУН, КИ МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ!
Бо ибтикори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ ва кафедраи фанҳои табиатшиносӣ 2-юми марти соли равон дар байни донишҷӯёни факулетҳои донишгоҳ дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба обу иқлим” викторина доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Қутбиддин Муқимов қайд намуд, ки илм ва навоварӣ ҳамчун омили калидии таъминкунандаи рушди устувори давлат арзёбӣ мегардад. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 чун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимони соҳаи илмҳои дақиқ имкониятҳои нав фароҳам овард.
Дар замони инкишофи босуръати илму технология таъсири инсон бо Замин суръати кайҳониро гирифта, табиат ба тағйирот ва таҳаввулоти бузург дучор гардида истодааст. Имрӯз мушкилии экологӣ на танҳо мушкилии ҳифз намудани муҳити зист, балки тарбияи инсони комил низ мебошад, - гуфт Қутбиддин Муқимов.
Инчунин, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода баргузории викторинаи илмӣ-маърифатиро баҳри дарёфти истеъдодҳо муфид арзёбӣ намуда, афзуд, ки мо бояд чеҳраҳои навро интихоб ва ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” номзадҳо пешниҳод намоем. Номбурда ба донишҷӯёни ҳафт даста аз ҳафт факултети донишгоҳ муваффақияту комёбиҳо таманно намуда, афзуд, ки боиси ифтихор аст, ки Дилшод Абдуназаров, донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси хадамоти гумруки факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи география фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид ва шарафи донишгоҳро боз ҳам баланд бардошт, - афзуд номбурда.
Ҳайати дастаҳоро устоди кафедраи табиатшиносӣ Алишер Раҳимӣ муаррифӣ намуда, иштирокчиёнро ба шартҳои викторина ва равиши суолҳо шинос намуд.
Дар натиҷа, ҷойи якум ба гурӯҳи “Сарез”-и факултати иқтисод ва идоракунии давлатӣ, ҷойи дуюм ба гурӯҳи “Технологияи сабз”-и факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ва ҷойи сеюм ба гурӯҳи “Ванҷяк”-и факултети ҳисобдорӣ ва омор лоиқ дониста шуд.
Баргузории чунин озмуну виторинаҳо шавқу завқи донишҷӯёнро зиёд карда, ҳисси табиатдӯстдорӣ ва донишҳои экологии онҳоро ғанӣ мегардонад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng