Тибқи нақшаи кории раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ, санаи 2-юми марти соли равон дар доираи мавзуъҳои нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, “Либосҳои миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа» ва «Пешгирии амалҳои коррупсионӣ» бо донишҷӯдухтарони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳамоиш доир гардид.

Маҳбуба Ғаффорова, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ дар бораи мавзуъҳои баррасишаванда фикру андешаҳои худро баён намуд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои мубрами ҳаёти донишҷӯдухтарону бонувон, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ба андешаи баромадкунанда, шумораи донишҷӯдухтарон низ дар донишгоҳ беш аз пеш афзуда, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҷиҳати дар оянда ба мутахассисони дорои таҷриба ва донишҳои мукаммали касбӣ табдил ёфтанашон ҳама тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳамзамон, ба масъалаи ташаккули маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дарҷ карда шуд, ки зарур аст муқаррароти Дастурамали қоидаҳои либоспӯшӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва олии касбӣ пурраву воқеъбинона амалӣ карда шаванд.

Баромадкунанда дар мавриди интихоби нодурусти компютеру телефонҳо, дар бораи фарҳанги либоспӯшии духтарон ва риояи он аз тарафи донишҷӯдухтарон, эҳтироми калонсолон, ҳушёрии сиёсӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳояшонро баён намуд.

Тағоймурод ЭШЗОДА