Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, санаи 3-юми марти соли равон миёни донишҷӯдухтарони факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар мавзуъҳои баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, “Либосҳои миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа» ва «Пешгирии амалҳои коррупсионӣ» вохӯрӣ доир гардид.

Нахуст, Маҳбуба Ғаффорова, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ ҳозиринро ба муносибатии Рӯзи модар, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, иқболи нек, умри дароз ва ҳама хушиҳои зиндагиро таманно кард. Номбурда иброз дошт, ки “вақтҳои охир тарзи либоспӯшии баъзе донишҷӯдухтарон боиси нигаронӣ гардидааст. Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад”.

Дар ин фасли зебои сол - баҳор дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии тоҷикон иқдоми маърака (аксия)-и “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардида истодааст.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин мавзуъҳои пешгирии терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо, инчунин, муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд ва монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди босуботи давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охир миёни иштирокчиён ва маърузачӣ саволу ҷавоб доир гардид.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия