ҲАРЧӢ ДОРАНД ИН ҶАМОАТ АЗ ДУОИ МОДАР АСТ!
Рӯзи 3-юми марти соли равон садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ тамоми омӯзгорон ва кормандзанони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи модар, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, барояшон, пеш аз ҳама, сиҳатмандии комил, иқболи нек, умри дароз ва ҳама хушиҳои зиндагиро таманно кард. Ҳамзамон, ба хотири гиромидошти занону бонувон аксияи тарғиботӣ доир карда, ба онҳо гулҳо ва табрикномаи саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ тақдим намуд.
Мақсади асосии баргузории аксияро тарғибу ташвиқи зебопарастӣ, омад-омади фасли зебои баҳор ва арҷгузорӣ ба манзалати Зан-Модар арзёбӣ намуданд. Дар ҳақиқат, модар барои ҳар як шахс азизу муқаддас аз ҳама мавҷудоти рӯйи олам аст. Бузургии зан-модар дар он таҷассум мегардад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Тавре декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Наврӯз Умарзода таманно кард, “Бигзор, дили бонувону модарон ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!”
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng