Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010401- молия гурӯҳи “Б” ҳамроҳи куратори гурӯҳ Эҳсонҷон Маҳмадов бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ, баъд аз машғулиятҳои дарсӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар рафти ин сафар донишҷӯён ба толорҳои гуногуни осорхона ворид шуда, оид ба таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи муосири Тоҷикистон маълумот гирифтанд. Барои донишҷӯён дидан намудан аз бозёфтҳои бостоншиносон ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ бештар диққат ҷалбкунанда буданд.

Ин иқдом барои донишҷӯён хело ҳам пурсамар амалӣ гардида, дар ин замина, ба худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии онҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт.